Фирӯза Абдуллоева дар олимпиадаи байналмиллалии “Teeneagle” аз фанни забони англисӣ, ки дар Донишгоҳи Оксфорди шаҳри Лондон доир шуд, ширкат варзида, соҳиби ҷоми “Уқоби тиллоӣ” ва медали тилло гардид. Фирӯза дар гурӯҳи хонандагони синфҳои болоӣ холи баландтаринро гирифта, қаҳрамони олимпиадаи байналмилалӣ дониста шуд. Ин аввалин медали тиллои Фирӯза нест ӯ аввалҳои ҳамин сол аз Туркия низ медали тилло оварда буд.
Муаллифи Your.tj бо Фирӯза Абдуллоева дар хусуси чӣ гуна гузаштани олимпидаи байналмилалӣ ва роҳи дурусти омӯзиши забони англисӣ суҳбат кард.
Олимпиадаи “Teeneagle”
Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, аз 31 июл то 7 август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир баргузор шуд. Дар маҷмӯъ 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи иштирок намуданд.
Дар озмун хонандагони мактабҳои вилояти Суғд, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Бӯстон дар бахшҳои гуногун дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд. Намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.
Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам ширкат варзиданд.
Фирӯза Абдуллоева дар баробари омӯзиши доимӣ боз беш аз як моҳ ба олимпиадаи “Teeneagle” омодагӣ дида буд, аз ин лиҳоз ҳама бахшҳоро бомувафақият гузашт. Олимпиада аз 4 бахш иборат буд, аз ҷумла “Knowledge quiz” – викторина оид ба дониш, суханронӣ (ҷавоб додан ба як саволи тасодуфӣ дар назди 4 муаллим), навиштани иншо ва донистани қоидаҳои имло.
Қабл аз ба Лондон рафтан дар даври аввал тариқи онлайн ба маҷмӯи саволҳои тестӣ ҷавоб дода буд. Дар бахши якуми даври асосии озмун саволҳои нисбатан мушкилтар пешниҳод шуд. Аммо ҳаракат кард, ки аз маҷмӯи маводи хондааш ба саволҳо посухи дуруст диҳад.
“Саволи тасодуфие, ки аз қуттичаи саволҳо гирифтам, чунин буд: “Ба фикри Шумо, сафар кардану ҷаҳонро дидан ба ҳаёти шахсӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?”. Дар назди 4 муаллим нотарсида фикрамро баён кардам: “Одам бояд саёҳат кунад ва аз пайи орзуҳои худ бошад, зеро орзуҳо моро қавӣ мегардонанд, ё водор мекунанд, ки корҳои ғайриимконро анҷом диҳему уфуқҳои нав кашф намоем.
Барои ҷоннок шудани фикр аз романи “Aлхимик” – и нависандаи бразилӣ Пауло Коэло мисол овардам. Қаҳрамони ин асар ба орзуҳояш содиқ мемонад ва дар охири сафар мукофотонида мешавад. Барои ба муроди дил расидан аз ҳеҷ душвории сари роҳ наметарсад.
“Тоҷири булӯр” ном персонажро ҳам мисол овардам, зеро аз тарси ба вуҷуд омадани тағйирот дар зиндагӣ ба орзуи бузургтаринаш – зиёрати Макка нарасид. Дар охир гуфтам, ки шахс бояд сафар кунад, ҷойҳои навро бубинад ва аз пайи амалишавии орзуҳо бошад”, – нақл мекунад, Фирӯза аз рафти олимпиада.
Тассуроти фаромӯшнашаванда
Фирӯза Абдулоева аз он хурсанд аст, ки ба воситаи озмун ба Британияи Кабир рафт ва дӯстони зиёде пайдо кард. Зимни сайри кӯчаҳои шаҳри Лондон бо ҳамсолони хориҷияш ҳамсуҳбат шуд ва дар бораи зодгоҳ, ҳаёти мактабӣ, интизорӣ аз озмун ва нақшаҳои оянда гуфтугӯ намуд.
“Лаҳзае, ки ба дастам ҷоми “Уқоби тиллоӣ” ва медали тиллоро супориданд, зери бори ҳаяҷон мондам. Аз таҳти дил шодӣ кардам, чун пас аз ин шогирди ҳақиқии муаллимон ва фарзанди бовафои волидон будани худро исбот карда тавонистам. Дар айни маросими ҷоизасупорӣ Парчами миллиро ба китфони худ гузоштам. Фикр мекунам, ки ҳар кас агар кӯшишу ғайрат кунад, сарфи назар аз касбу кор боиси ифтихори ҳамагон гардида метавонистааст”, – меафзояд, духтарак.
“Китоб – беҳтарин муаллим”
Фирӯза 16 – сола буда, имсол хонандаи синфи 11 – и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аст. Вай бештар фанҳои алгебра ва биологияро дӯст медорад. Шурӯъ аз синфҳои поёнӣ дар озмунҳои фаннӣ ширкат меварзад. Ҳамзамон, дар дили кӯчак ҳаваси омӯзиши забонҳои хориҷиро мепарварад.
Дар самти забономӯзӣ муаллимоне дорад, ки барои дар олимпида омода шуданаш саҳм гузоштаанд. Қаҳрамони мо дар баробари эҳтироми хос нисбат ба муаллим доштан, боз китобро ҳам қадр мекунад.
“Аслан, беҳтарин муаллим китоб аст. Барои хондани китобҳои илмӣ ва бадеӣ вақти зиёд сарф мекунам. Масалан, ёд дорам, ки омӯзиши ҷиддии забонро аз синфи 7 сар карда будам. То ба имрӯз беш аз 100 китоб бо забони англисӣ хондам. Соли равон 50 китоб хондам, ки “The 12 gifts of life” яке аз онҳост. Китоби мазкур хеле муасссир буд ва аз он боз калимаю ибораҳои нав омӯхтам”, – мегӯяд, Фирӯза.
“Забономӯзӣ мушкил нест, агар роҳашро донӣ”
Фирӯза то синфи 7 дар гимназияи №1 – и шаҳри Истравшан таҳсил кардааст. Дар он ҷо фақат аз рӯйи барномаи мактабӣ забони англисиро меомӯхт.
“Фикр мекардам, ки сатҳи забондониям дар сатҳи зарурӣ аст. Аммо соли 2018 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд шудаму фаҳмидам, ки забондониям хеле суст аст. Дар мактаби нав қариб ҳамаи хонандагон забони англисиро хуб медонистанд”, – ёд овард солҳои аввали ба Литсей омаданашро ӯ.
Маҳз дар муҳити Литсей Фирӯза ба забономӯзӣ ҷиддӣ мепардозад. Китобҳои гуногуне, ки барои омӯзиши забон муҳайё буданд, ҳамарӯза истифода мебарад. Муаллимон бошанд доим раҳнамои қаҳрамони мо будаанд. Фирӯза усули ба худ хоси омӯзиши забони англисиро доштааст. Чуноне ки ба мо нақл кард:
“Дар аввал бисёр луғат аз ёд кардам ва баъдан ба хондани китобҳо бо забони англисӣ шуруъ намудам Ҳангоми хондани китоб ҳар калимаи ба худам навро навишта мегирифтам ва тарҷумаи онро ёфта дар дафтарчаам қайд мекардам.
Аз ҳар китоб то 100 – 300 калимаи навро пайдо мекардам. Пас аз он ки фонди луғавиам беҳтар шуд, ба муошират кардан сар кардам.
Бояд гӯям, ки хондани асарҳои бадеӣ ва аз худ кардани қоидаҳои имло сабаб шуд, ки забонро тезтар аз худ кунам”. Қаҳрамони мо ба ин бовар аст, ки фақат бо роҳи муошират кардан забонро ёд гирифтан дуруст нест.
Интихоби касби оянда
Фирӯза аз хато кардан намеҳаросад. Ҳамин хислат боис шуд, ки забони англисиро хуб ёд гирад ва нотарсида ибрози фикр карданро омӯзад. Вай ба ҳамсолонаш ҳам тавсия медиҳад, ки аз хато кардан наҳаросанд ва барои ба қароре омадану ташаббусе гирифтан боҷуръат бошанд. Аллакай, бе дахолат ва ё маҷбурии аҳли хонавода азм кардааст, ки равоншинос шавад.
“Ман нисбат ба омӯзиши илмҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла психология ва ҷомеашиносӣ шавқ дорам. Аз ин рӯ, психологияро ҳамчун ихтисоси аввалин ва тиҷоратро ҳамчун ихтисоси дуюм интихоб мекунам”, – қотеона мегӯяд, духтарак.
Ҳар соле бо дастоварде
Фирӯзаи забондон моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷми 9 ҳазор сомонӣ мукофот гирифт. Чун ӯ солҳои 2020, 2021 ва 2022 дар Олимпиадаҳои байналмилалӣ аз қабили “Teeneagle”, “Hippo”, “FISO”, “iSTEM”, “Архимед”, “IMEC” ва “Bricsmath” ҷойи якумро соҳиб шуд.
Ҳамчунин, дар олимпиадаи байналмилалӣ “International olympiad of Antalya” соли 2021 иштирок карда, сазовори ҷойи 2- ум гардид. Соли равон дар ҳамин олимпиада ҷойи якумро ишғол карда, соҳиби медали тилло шуд.
Ба ғайр аз ин Фирӯза гирандаи стипендияи президентӣ дар соли 2021-2022 аст.
“Падару модарам тоҷир мебошанд. Онҳо дар таълиму тарбияи ман ва бародаронам ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Бародарам – Баҳриддин баъди хатми литсей таҳсилро дар яке аз донишгоҳҳои кишвари Лаҳистон давом медиҳад.
Ману додарчаам – Муҳаммад ҳоло хонандаи литсей ҳастем. Ҳамеша кӯшиш мекунем, ки волидон дар бораи мо аз муаллимон ва дигарҳо гапҳои нағз шунаванд”, – мегӯяд, Фирӯза.
Файзуллохон Обидов