Қаҳрамониҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соли 2024

Бо вуҷуди рӯҳияи зидди муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия ва як қатор қонунҳои табъиздор, муҳоҷирон аксар вақт ба русҳо дар ҳолатҳои душвор кӯмак мерасонанд. Масалан, одамонро аз сӯхтор ё ғарқшавӣ наҷот медиҳанд.

Чунин ҳолатҳо дар расонаҳои Русия хеле кам нашр мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ном ва миллати муҳоҷирони қаҳрамон зикр карда намешаванд.

Мо тасмим гирифтем ба хотир орем, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, соли 2024, чӣ корномаҳоеро анҷом доданд. Қиссаи онҳоеро ҷамъ овардем, ки расонаӣ шуданд.

Ронандаи таксие, ки дар таваллуди зани мусофир кӯмак кард

Охири тобистон дар яке аз таксиҳои Москва зане дар мошин таваллуд кард. Таваллуди кӯдакро ронандаи такси, зодаи Тоҷикистон Толиб Набиев қабул кард.

Шаби 7 август Набиев ба суроғаи фармоишшуда омад. Мусофирон мард ва зани ҳомилааш буданд, онҳо ба таваллудхона мерафтанд. Дере нагузашта занро дарди зоиш гирифт.

Мусофир шими ҷинс пӯшида буд ва шавҳараш барои кашидани он ба ӯ кӯмак кард. Ӯ фарзандашро вақте таваллуд кард, ки дар чароғак меистод.

Ба гуфтаи Толиб Набиев, на зан ва на ӯ ҳеҷ гуна тарсу ҳарос надоштанд. Вай аз зани таваллудкарда пурсид, ки мехоҳад ба ёрии таъҷилӣ занг занад ё худаш то беморхона барад.

Зан гуфт, ки ба таваллудхона равад. Набиев ва шавҳари зан фавран ба қабули беморхона шитофтанд, то табибонро даъват кунанд. Сипас ронандаи такси ба мошин баргашт, то занро танҳо нагузорад.

«Ҳарос набуд. Ба зан гуфтам, ки аз он хавотир нашавад, ки нишастгоҳи мошин чиркин шуд. Пурсидам, ки духтар таваллуд шуд ё писар. Ӯ нигоҳ карда гуфт, ки писар аст. Шаш дақиқа гузашту, аз табибон дарак набуд.

Ман ба қабули беморхона баргашта, каме дод задам. Мошин чиркин аст, дар он ҷо зан дар дасташ кӯдак нишастааст, гирду атроф пур аз инфексия. Баъд ҳамшираҳои шафқат бо замбарҳо баромаданд, нофи кӯдакро дар мошин буриданд»,- гуфт Толиб.

Ба гуфтаи ронандаи такси, аз ин ҳодиса шавҳари он зан бештар даступо гум карда буд. Вақте ки мард ҳаққи сафарро пардохт мекард, дастонаш чунон меларзиданд, ки аввал ҳамёнаш ва баъд пулҳояшро аз дасташ афтонд.

«Ман ба ӯ гуфтам, ки худро ба даст гирад. Ӯ гуфт, ки писардор шуд, то ҳол намедонист ва хеле хурсанд шуд. Ман ӯро табрик кардам»,- гуфт ронанда.

Бурдарасон (курер), ки кӯдакро аз рабудан наҷот дод

Муҳаммадҷон Обидов, бурдарасони 23-солаи маҳсулот аз Тоҷикистон, дар Москва духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабуданӣ буд.

Ин ҳодиса дар охири моҳи июл рух дод. Ба гуфтаи Муҳаммадҷон, ӯ вақте аз рӯи фармоиш мерафт, аз назди майдончаи кӯдакон мегузашт ва мардеро дид, ки бо кӯдак ба модараш дарафтода буд.

«Ман ӯро [одамрабо] пеш аз ин ҳам дида будам. Ӯ дар наздикии нуқтаи тақсими фармоишҳои «Яндекс Лавки» рустӣ мегашт. Ман фармоишро гирифта рафтам ва баъд дидам, ки чи тавр ин мард кӯдакро мерабояд.

Ман аз пасаш давидам, танҳо мехостам кӯмак кунам. Маълум нест, ки ӯ кӯдакро ба куҷо бурдан мехост, аммо баъд кӯдакро сахт ба замин партофт ва гуфт: «бубахшед, ман дигар ин корро намекунам»,- гуфт ҷавон.

Муҳаммадҷон мегӯяд, ба мард худро расонида, ду маротиба ба пояш зада афтонд ва ду зарбаи дигар зад.

«Хостам ӯро боздорам, аммо гурехт. Ман ба назди модари кӯдак давидам. Он ҷо духтари калониаш ҳам буд, вай ба назди ман омада, ташаккур гуфт. Мо «Ёрии Таъҷилӣ»-ро интизор шудем ва баъд ман аз паси фармоишҳоям рафтам»,- гуфт курер.

Лаҳзаи рабудани кӯдак дар навор сабт шудааст. Одамрабое, ки полис ӯро боздошт кард, Алексей К.-и 27-сола қаблан суд шудааст. Дар ҳолати мастӣ, ба зани ношинос ҳамла карда хост кӯдаки ӯро рабуда бибарад.

Азбаски боздоштшуда кӯдакро ба замин партофт, табибон дар кӯдак ҷароҳати пӯшидаи сар, латхӯрии сар, захми қафаси сина ва захмҳои зиёдеро пайдо карданд.

То моҳи июли соли 2024, Муҳаммадҷон зиёда аз як сол ҳамчун бурдарасон кор мекард ва дар Вихино дар наздикии Москва зиндагӣ мекард.

Пешхизмате, ки ҳангоми ҳамлаи террористӣ ба марди захмӣ кӯмак кард

Дар ҷараёни ҳамлаи террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл»-и назди Москва, як пешхизмати 17-сола аз Тоҷикистон ним соат бо марди захмӣ нишаст, дар ҳоле ки тамоми кормандон пас аз садои огоҳӣ ҷои корро тарк карда буданд.

Бунавшоҳ Эркинов – шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия тирамоҳи соли 2022 ба Москва рафтааст. Ӯ дар меҳмонхонаи «Аквариум» кор мекард, ки дар бинои «Крокус Сити Холл» ҷойгир аст.

22 март сеюмин рӯзи кории Бунавшоҳ буд. Баъди соати 20 марде вориди тарабхона шуда, об хост ва ба фарш афтод.

Пас аз бонги хатар тамоми кормандон рафтанд, аммо Бунавшоҳ он ҷо монд, зеро наметавонист марди ёрӣ пурсидаро монда равад.

Баъди чанде кормандони милитсия ва меҳмонхона ба тарабхона омада, ҳамроҳи Бунавшоҳ захмдорро ба мошини ёрии таъҷилӣ савор карданд.

Тоҷикистоние, ки шахси ғарқшавандаро дар обанбор наҷот дод

Ин ҳодиса баҳори соли 2024 дар Воронеж рух дод. Як роҳгузари тасодуфӣ, зодаи Тоҷикистон, дар обанбор ғарқшавандаро дид ва ба наҷоти ӯ шитофт.

Видеое, ки дар он лаҳзаи наҷоти ғарқшаванда сабт шудааст, дар телеграм-каналҳои маҳаллӣ паҳн шуд. Номи тоҷикистоние, ки ба ҷавон кӯмак кард, зикр нашуд, расонаҳои Русия ин ҳодисаро канор гузоштанд.

Ронандаи такси, ки зани солхӯрдаро аз қаллобон наҷот дод

Дар Петербург ронандаи такси ба зани солхӯрда кӯмак кард, ки пасандозҳояшро аз даст надиҳад.

27 январ ронанда Авазбек ба ҷои фармоиш омад. Зани 60-сола ба мошини ӯ нишаст. Дар роҳ ба шаҳр вай бо ҳаяҷон бо телефон сӯҳбат мекард. Ронандаи такси дар аввал ба сӯҳбат аҳамият надод, аммо чанде пеш аз анҷоми сафар пурсид, ки ба зан чӣ шудааст.

Мусофир гуфт, ки бо кормандони «Бонки марказӣ» сӯҳбат кард ва онҳо ӯро бовар кунондаанд, ки гӯё қаллобон барои гирифтани қарз ба номи ӯ кӯшиш мекунанд ва барои ҳифзи пул бояд онро ба «ҳисоби бехатар» интиқол диҳанд.

Ронанда фаҳмид, ки ин эҳтимолан нақшаи классикии фиребгарон аст ва дар ин бора ба зан ҳушдор дод. Аз сӯҳбат маълум шуд, ки «ҳамсӯҳбатони майлдор” аллакай ба ин зан то назди бонк мошин даъват кардаанд.

Авазбек ба зани нафақахӯр пешниҳод кард, ки ба писараш занг занад.

@your_tj♬ оригинальный звук – Your.tj

«Ба ман такси даъват карданд, то қарз гирам… ман бо телефон рақамҳои СНИЛС-ро ба ӯ гуфтам… мо ҳозир бармегардем ва ӯ маро аз мошин мефарорад. Ман худро бад ҳис мекунам»,- шикоят намуд зан ба писараш, баъд Авазбек низ бо ӯ сӯҳбат кард.

«Писараш гуфт, ки ба модараш худаш ғамхорӣ мекунад. Онҳо то нуқтаи охири фармоишашон нарафтанд. Ронанда гуфт, занро дар ҷои амн гузошта, хоҳиш кардааст, ки писарашро интизор шавад. Ба шарофати ронандаи ҳушёр ва кордон, зани нафақахӯр ба касе пулҳояшро интиқол надод»,- гуфтанд дар ширкати таксие, ки ҷавон дар он кор мекард.

Дар бораи мансубияти миллии Авазбек ва маълумоти муфассал дар ВАО-и Русия гуфта нашудааст.

Тоҷикистониҳое, ки ба зарардидагони обхезӣ кӯмаки башардӯстона расонданд

Дар аввали моҳи апрел дар Орски Русия сел садди обанборро рахна намуд ва шаҳрро об зер кард. Дар тамоми минтақа реҷаи ҳолати фавқулодда эълон карда шуд, эвакуатсияи оммавии аҳолӣ гузаронида шуд.

Ба сокинони аз обхезӣ зарардида шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошинҳои боркаш фаъолона кӯмаки башардӯстона расонданд.

Фаррошоне, ки ба муҳоҷирони дар фурудгоҳҳои Москва бандмонда хӯрок оварданд

Пас аз ҳамлаи террористӣ дар «Крокус» шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври оммавӣ аз сафар ба Русия даст кашиданд.

Даҳҳо мошинҳои бо рақамҳои тоҷикӣ дар марзи Русия ва Қазоқистон дармонданд ва дар фурудгоҳҳо тоҷикистониҳоро дар шароити номуносиби санитарӣ чанд рӯз нигоҳ дошта, ғизо надоданд.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳамватанони худ хӯрок ва об меоварданд. Маҳсулот тавассути занони тоҷик, ки дар фурудгоҳҳо ҳамчун фаррош кор мекарданд, интиқол дода мешуд.

Your.tj

Skip to toolbar