То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки қариб 215 ҳазор нафар – 2% бештар аз аввали соли 2025 мебошад, хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар.
Шумораи аҳолӣ дар минтақаҳо бо фоиз ва рақамҳо чунин аст:
- вилояти Хатлон – 36,2% (3 млн 878,9 ҳазор);
- вилояти Суғд – 28,1% (3 млн 15,1 ҳазор);
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 21,5% (2 млн 298,6 ҳазор);
- шаҳри Душанбе – 12% (1 млн 291,8 ҳазор);
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 2,2% (236,4 ҳазор).
Соли 2025 дар Тоҷикистон 255,1 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шуда, афзоиши таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо ба ҷузи ВМКБ сабт шудааст.
- вилояти Суғд 1,4% (62,8 ҳазор таваллуд);
- вилояти Хатлон – 1,9% (105,4 ҳазор таваллуд);
- шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (57,9 ҳазор таваллуд);
- шаҳри Душанбе – 0,4% (25,6 ҳазор таваллуд);
- ВМКБ 2% кам шудааст (3,3 ҳазор таваллуд).
Ҳамзамон, шумораи фавт 4,1% афзуда, ба 34,4 ҳазор нафар расидааст.
Афзоиши фавт дар минтақаҳо чунин аст:
- Суғд – 2,4% (11,3 ҳазор фавт);
- Хатлон – 4,1% (11,4 ҳазор фавт);
- шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (6,8 ҳазор фавт);
- Душанбе – 5,1% (3,5 ҳазор фавт);
- ВМКБ – 4,0% (946 нафар фавт).
