Доллар

Ҷаҳиши ғайриинтизории доллар дар Тоҷикистон: Мухтарсари хабарҳои муҳими рӯз

“Доллар якбора боло рафт”

Дар Тоҷикистон қурби расмӣ барои 1 доллари ИМА аз 10,30 сомонӣ баробар ба 11,30 сомонӣ боло рафт. Дар бонки миллӣ инро коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ маънидод мекунанд.

Дар шарҳи БМТ доир ба ин масъала қайд мешавад, ки дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Дар бозори сиёҳ қурби ғайрирасмии доллар аллакай ҳудуи 12 сомониро убур кардааст.

Самбокорони тоҷик ба Қаҳрамонии ҷаҳон мераванд

Паҳлавонони риштаи самбои Тоҷикистон, ки барои ширкат дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон мушкил дарёфти раводид доштанд, раводидро дарёфт кардаанд. Қарор аст ин паҳлавонон аз тариқи Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белгарди Сербистон парвоз кунанд. Қаҳрамони самбои ҷаҳон имсол аз 5 то 8 ноябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон мегузарад.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки Тоҷикистонро имсол панҷ паҳлавон намояндагӣ мекунад, вале ҳоло танҳо Комроншоҳ Устопириён ва Акмалиддин Каримов озими Тошканд шудаанд.

Дар назар буд имсол аз Тоҷикистон дар сабқати Қаҳрамонии самбои ҷаҳон панҷ паҳлавон: Акмалиддин Каримов вазни -57, Хушқадам Хусравов вазни -62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни -90 миёни бузургсолон ва Шердил Мусоев дар вазни -74-и ҷавонону Самеъҷон Абдушукуров вазни -87-и наврасон ширкат кунанд.

Шералӣ Кабир раиси Талко боқӣ мемонад

Шералӣ Кабир, ки дирӯз дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони вазири саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ шуд, дар мақоми пешини худ – раиси Шӯрои мудирони Ширкати Алюминийи Тоҷик боқӣ мемонад. Дар ин бора яке аз манбаъҳои наздик ба Талко ба “Азия-Плюс” ба шарти набурдани номаш иттилоъ додааст.

Аммо Игор Сатторов, сухангӯйи ин ширкат гуфтааст, ки онҳо дар бораи ин ҳеч иттилое надоранд. “Таъин шудани раиси Шӯрои мудирони Ширкат ба вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нав барои мо ғайриинтизор буд. Ҳоло мо ҳеч иттилое надорем, ки эшон дар вазифаи раиси Шӯро боқӣ мемонанд ё мераванд”.

Аммо манбаъ гуфтааст, ки дар сатҳи раҳбарии сиёсӣ тавофуқ ҳосил шудааст, ки Шералӣ Кабир ҳарду мақомро мудирият мекунанд, шояд дар оянда кадом тағйироте шавад, вале ҳоло ҳамин гуна тавофуқ сурат гирифтааст, мегӯяд манбаи мо.

Иҷозаи ба Тоҷикистон баргаштани донишҷӯёни ӯзбек

Ба донишҷӯёни ӯзбек, ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, барои вуруд ба ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил тариқи постгоҳи назоратии Сариосиёи вилояти Сурхондарё иҷоза дода шуд. Дар ин бора Uznews.uz бо истинод ба ҳокимияти ноҳияи Сариосиё хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар як рӯз то 50 нафар донишҷӯён аз сарҳад гузашта метавонанд. Зимни гузаштан онҳо бояд нусхаи шиноснома, дафтарчаи донишҷӯ ва натиҷаҳои тест аз сироят надоштан аз коронавирус тайи 72 соати охирро пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба ”Азия-Плюс” баргаштани донишҷӯёни ӯзбекро ба Тоҷикистон барои идомаи таҳсил тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзиданд.

Skip to toolbar