fbpx

Эмомалӣ Раҳмон ҳайати нави ҳукумати кишварро маълум кард. Мухтарсари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акси хадамоти матбуотии президент

Тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон

Баъд аз чаҳор рӯзи ба истеъфо рафтани ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 3-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ ҳайати нави ҳукуматро таъйин кард.

Ҳайати нави ҳукумат:

Қоҳир Расулзода, сарвазир

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир

Давлатшо Гулмаҳмадзода, муовини сарвазир

Матлубахон Сатториён, муовини сарвазир

Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Аз ҳайати ҳукумати пештара Ширин Исматуллозода – муовини сарвазир, Амонулло Салимзода-вазири кишоварзӣ, Гулрӯ Ҷабборзода – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Зарробиддин Файзуллозода – вазири саноат ва технологияи нав аз мансабҳояшон сабукдӯш шуда, имрӯз вазифаи нав нагирифтанд.

Гирифтории зиёда аз 11 ҳазор нафар ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон

Ба ҳолати шоми 3-юми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 1 нафар аз бемории коронавирус фавтида, 43 нафари дигар ба он мубтало шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11139 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 83 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10389 нафар баробар шуд.

Заҳролудшавии 11 сокини ноҳияи Данғара аз сабзавоти консервшуда

Дар ноҳияи Данғара пас аз истеъмоли бодиринг ва помидори дар хона консервшуда 11 нафар узви ду оила аз деҳаи Меҳргони ҷамоати И.Шарипов заҳролуд гаштанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, 9 нафари онҳо фавран ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

“Як нафари онҳо, ки 23 сол дошт, фавтида, ҳолати се нафари дигар аз заҳролудшудагон, ки аз 15 то 47 сол доранд, вазнин арзёбӣ мешавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, вазъи саломатии 5 нафари дигар хубтар арзёбӣ шуда, ҳоло ҳамаи онҳо дар бистари беморианд ва муолиҷа мешаванд.

14 сомониву 50 дирам ҷарима барои напардохтани роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ

Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар он барои пардохт нашудани маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

“Барои пардохт накардани роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва ноҳия, бепул савор кардани кӯдаки синни аз 5-сола боло, бағочи аз меъёр зиёд, инчунин истифодаи корти бегонаи имтиёзнок ба маблағи чоряки нишондиҳанда барои ҳисоб, ки 14 сомониву 50 (1,5 доллар) дирамро ташкил медиҳад, ҷарима ситонида мешавад”, – гуфта мешавад дар лоиҳаи қонун, ки вакилони парлумон маъқул донистанд.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар Маҷлиси намояндагон вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади баланд бардоштани масъулият барои қонуншиканиҳои маъмурии марбут ба қоидаҳои истифода аз воситаҳои нақлиёт таҳия шудааст.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар арафаи иҷрошавист

То субҳи имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 98,7% ба иҷро расид.

Комиссариатҳои ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ аз иҷрои нақша пештар хабар дода буданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи даъват 95%-ро ташкил медиҳад.

“Метавон гуфт, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100% иҷро шуд. Айни замон ихтиёриён давраҳои омӯзиши касби ронандагиро мегузаранд. То имрӯз нақшаи даъватро шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ пурра ба иҷро расониданд”, – қайд кард Фаридун Маҳмадализода.

Сафорат лағви ду парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро шарҳ дод

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов саргардонии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар паи лағви ду парвози чартерӣ дар фурудгоҳи “Домодедово” банд монданд, шарҳ дод

Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 31 октябр ба 1 ноябр, дар паи иҷоза надодани Авиатсияи ҳавоии Русия ба ду парвози “Сомон Эйр”, натавонистанд ба ватан парвоз кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ин ҳодисаро шарҳ дода гуфт, лағви парвозҳо ба ҳолати техникӣ вобаста буд, ки дар давоми як шабонарӯз ҳал шуд.

“Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвозҳои чартерӣ пурра барқарор шуд. Табиатан вақте ду парвоз анҷом дода нашуд, 400 кас бо ҳавопаймои дигар интиқол дода мешаванд. Имрӯз ё фардо ҷадвали парвозҳо барқарор мешавад ва ягон мушкилӣ намешавад”, – гуфт дар суҳат бо Sputnik Тоҷикистон Имомуддин Сатторов.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки фардояш ду парвоз ва баътар се парвоз анҷом дода шуд, то кор аз рӯи ҷадвал шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend