Имрӯзҳо сафи талбандаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору гулгаштҳо, роҳраву истгоҳҳо ва чорроҳаҳои Душанбе зиёд ба назар мерасанд. Аксаран ба ин кор занҳо машғуланд. Ҳафтаҳои охир баробари сард омадани ҳаво дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбешаҳр занони зиёдеро машғули талбандагӣ дидем.
Барои огоҳ шудан аз ҳаёту рӯзгор ва омилҳои ин роҳро пеша кардан муаллифони Your.tj бо чанде аз талбандазанҳо ҳамсуҳбат шуданд.
“Баъзан 10-12 сомонии кор мекардаамонро зада мегиранд”
“Баъзе милисаҳо рӯирост аз модару падарат ҳақорат мекунанд. Охир, ман ҳайронам, ки чаро ба падару модари мурдаи ман мерасида бошанд. Инсон бояд инсонро дарк кунад, ҳеҷ не ақалан сухани бад нагӯянду дағалӣ накунанд, – бо алам ва оби дида нақл кард яке аз қаҳрамонҳои мо холаи Зумрат. – Баъзан 10-12 сомоне, ки ба гадоӣ пайдо мекунем аз мо зада мегиранд ва таҳдид ҳам мекунанд. Агар пулашон надиҳӣ ба “отдел” мебаранду сад балои дигар ба сарат меоранд. Беҳтараш ҳамон пулҳоро бидиҳиву аз шаррашон халос шавӣ.”
Муаллифон бори аввал ӯро шаби сард дар наздикии кинотеатри “Ватан” вохӯрданд. Дар хараки канори роҳ хобида буд. Барои камтар эҳсос намудани хунукӣ, болопӯшашро (палтое, ки дар акс мебинед) болояш пӯшонида буд. Он гоҳ қарор доданд, ки бо ӯ суҳбат намуда, мушкилашро расонаӣ созанд, то касе ба додаш бирасад.
Зани 54-солаи овораи кӯчаҳо
Пас аз се рӯзи ҷустуҷӯ билохира ӯро пайдо намуда, ҳамсуҳбат гаштем. Зимни суҳбат маълум гардид, ки холаи Зумрат 54-сол дорад ва маъюби гуруҳи 2-юм мебошад. Нафақааш барои пардохти пули иҷора ва хӯрокаву либоса намерасад. Аз ҳамин хотир маҷбур шудааст, ки дар атрофи маркази савдои “Садбарг” ба талбандагӣ машғул шавад, то қути лоямуте пайдо кунад.
Қиссаи ҳаёти вазнину зиндагии талхашро нақл кард. Аз шавҳари аввалааш бо як кӯдак ҷудо мешавад ва ба хонаи волидон бармегардад. Аз сабаби тангии рӯзгор фарзанди калонияшро, ки ноқисулақл аст ба хонаи кӯдакон месупорад ва баъди муддате дубора оиладор мешавад. Аз оилаи наваш низ соҳиби як писари дигар мешавад. Шароити зиндагиашон хуб набуд ва дар нонвойхонае, ки шавҳараш чун нигаҳбони шабона кор мекард, зиндагӣ мекарданд. 8 – сол қабл шавҳараш аз олам чашм мепӯшад ва ӯ бо як фарзанди ширхорааш дар кӯчаҳо бекасу танҳо мемонад. Фарзанди дуюмашро низ ба хонаи кӯдакон месупорад ва аз онҷо ба мактаб-интернат.
Ҳамин тавр муддате дар хонаи апааш, чанд ҳафтаи дигар дар хонаи дӯстон ва наздикон ба сар мебарад ва оқибат аз ҳама ҷо ронда шуда, дар кӯчаҳо сарсону саргардон мемонад. “Падару модарам вафот кардаанд, ки наметавонам ба наздашон равам. Бародарам хонаи волидонамро фурӯхта худаш низ саргардон, як рӯз дар хонаи ину рӯзи дигар дар хонаи он мегардад. Апаҳоям ба зиндагии худашон овора. Баъзан ба аёдаташон меравам, вале фарзандону оилаҳояшон намехоҳанд, ки он ҷо зиндагӣ кунам. Чӣ кор кунам? Ба куҷо равам? Маҷбурам, ки дар кӯчаҳо бихобам”, – бо эҳсосу алам ва гиряи зиёд нақл кард апаи Зумрат.
Агар ҳаво хело сард бошад ё милисаҳо ҷанҷол карда ӯро аз кӯча ронанд ба хабаргирии хешовандони дураш меравад ё ба хонаи кадом як носфурӯше рафта, барои шабро рӯз кардан дар онҷо 10 сомонӣ медодааст.
Хотирае аз инсонҳо неку бад
Холаи Зумрат аз инсонҳои неке, ки баъзе бо суханҳои накӯ, баъзе бо либосу рӯймол ва баъзеи дигар аз ҷиҳати моддӣ ба ӯ кумак мерасонанд миннатдор аст. Аз баъзеи онҳо ба некӣ ёд мекунад. “Рӯзе як африқоӣ ё амрикоии сиёҳпуст ба наздам омада, бо русӣ бо ман ҳарф зад. Аз зиндагӣ ва мушкилотам пурсид. Ба ӯ ҳама зиндагиямро нақл кардам. Каме дилбардориям намуда, себу чанд хурдании дигар бароям харид. Ҳар рӯз ки аз наздам мегузашт бароям чизе мегирифт ё 10 сомонӣ ба ман медод. Як рӯз омада, 500 доллари амрикоӣ ба ман дод, – нақл кард холаи Зумрад.
Пулҳоро мубодила намудам, бо қурби онвақта 2000 сомонӣ бештар шуд. Ҳодисаро инсонҳои дар атрофам буда мушоҳида мекарданд. Баъди як ё ду соат ҷавоне, ба наздам омада, бо ваъдаи кӯмак ва додани хонаи иҷора маро ба самти роҳи оҳан бурд. Он ҷо ҳамёни дастамро кашида гирифту фирор намуд. Ҳарчанд дод зада имдод хостам, вале бенатиҷа буд”.
Орзуи охирин
Ҳарчанд барои рафтан ба хонаи пиронсолон ба ӯ маслиҳат додем, вале қабул накард. Орзуи ягонааш соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ шудану ба назди худ овардани фарзандонаш аз мактаб-интернат будааст.
“Мехоҳам дар пиронсолӣ овораву сарсон набошам ва писаронамро хонадор намуда, дар канори онҳо зиндагӣ кунам. Ростӣ, чунин зиндагӣ ба дилам задааст, аммо маҷбурам”.
Гадоӣ барои шиками фарзандон
Сония Ғаниева яке аз талбанда-занҳои дигаре буд, ки бо мо ҳамсуҳбат гардид. Ӯ 35 сол дошта, соҳиби панҷ фарзанд аст ва дар хонаи иҷора зиндагонӣ мекунад. Аз тангии рӯзгор се сол аст, ки дар атрофи бинои сирки давлатӣ ба талбандагӣ машғул аст.
“Баъди марги шавҳарам, маро бо фарзандонам аз хонаи шавҳарам пеш карданд. Акнун ҳаёти саргардонии мо оғоз шуд, хонаеро ба иҷора гирифта бо фарзандонам дар он ҷо зиндагӣ мекунем. Ман аввал ба ҳайси зарфшӯй (посудамойка) кор карда, фарзандонамро нигоҳубин мекардам. Баъди муддате дастонам гирифтори беморие (алергия) шуданд ва ман корро бас карда ба талбандагӣ машғул шудам. Ҳамарӯза аз субҳ то нимашабҳо дар ин ҷо мешинам, то барои хӯрдании худ ва фарзандонам чизе дарёфт кунам” – мегӯяд бо алам Сония.
Фарзандонамро аз мактаб хориҷ карданд
Бадбахтии дигар ин ки духтарчаи ҳаштсолааш баъди афтидан аз зинапоя қобилияти роҳгардиашро аз даст дод, ки ин боз як мушкилии дигарро ба дӯши ин зани ҷафокашида бор кард. Ҳадди ақал духтарчааш аробачаи маъюбӣ надорад, то ҳамроҳаш баро сайру гашт ба кӯчаҳо барорад.
“Фикру ҳушам дар пеши ӯст, чунки аз ҷойгаҳ хеста наметавонад. Ба чанд ҷо барои дастгирӣ намудан ва ҳадди аққал таъмин намудани духтарчаи маъюбам бо аробача дархост кардам, аммо бенатиҷа”, – мегӯяд Сония.
Се писараш дар мактаб мехонданд, аммо баъдтар дигар имкони таълими онҳоро надошт. Чун барои харидории лавозимоти зарурӣ маблағ надошт. Онҳоро аз мактаб хориҷ карданд ва ҳоло ягон фарзандаш таҳсил намекунад.
“Ягона муттакоям апаам мебошад”
Сония дар хонаи иҷорагирифтааш ҳамроҳи апааш зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ягона нафаре, ки ӯро дастгирӣ ва дилбардорӣ мекунад, ин апааш Меҳрӣ мебошад. Ҳамчунин мегӯяд, ки “духтарамро низ хуб нигоҳубин мекунад. Тамоми умедам апаи Меҳрӣ аст. Мо ду бародари дигар низ дорем, вале мутаассифона онҳо моро тамоман дастгирӣ намекунанд”.
Ба гуфтаи Сония маблағи якрӯзаи бадастовардаш аз 20 то 40 сомониро ташкил медиҳад. “Агар маро милисаҳо пеш накунанд ё дастгир намуда, 20-30 сомониямро нагиранд, пули ба даст овардаам барои хӯроки ҳамонрӯзаамон мерасад”, – илова намуд ӯ. Аз танги ва вазнинии рӯзгор ин зан, модари 5 фарзанд, маҷбур гардидааст, ки рӯзашро дар кӯчаҳо бо сарсонию саргардонӣ сипарӣ намояд, то барои рӯзгузаронии фарзандонаш маблағе ба даст орад.
Шавҳар муҳоҷир – зан талбанда
Парвина зани дигаре, ки 31 сол дорад ва дар бозори Сафариён ба талбандагӣ машғул аст, қиссаи худро чунин оғоз кард: – Барои рӯзгузаронӣ ба ин кор машғулам. Шавҳарам дар Русия дар муҳоҷират аст. Вазъияташ чандон хуб нест, ба мо пул намефиристад ва ман маҷбурам, ки барои таъмини фарзандонам пул кор кунам. Соҳиби чор фарзандам, сетояш мактабхонанд. Дар синфи якум, дуюм ва сеюм мехонанд, кӯдаки хурдиям чорсолааст.
Дар баробари ин ӯ боз хушдомани 95-солаашро нигоҳубин намуда, бори гарони зиндагиро ба дӯш дорад. Тӯли як сол мешавад, ки ба талбандагӣ машғул аст ва дар як рӯз 20-30 сомон ба даст оварда, бо он чизҳои лозимиро харидорӣ намуда, ба назди фарзандони интизор ва хушдомани дардмандаш бармегардад.
“Чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд. Зиндагӣ мушкил аст, нархи орду равған ва шакар ба ҳама маълум. Болоравии нарху наво аҳволамонро душвор мекунад, бо кӯдакони мактабхон боз ҳам мушкилтар. Барои онҳо китобу дафтар ва дигар лавозимоти дарсӣ лозим. Ба хотири фарзандонам маҷбурам…” – бо чашмони пурашк гуфт, дар давоми суҳбат Парвина.
Маълум ки бори гарон ва душвори зиндагӣ ӯро ба ин кор водор намудааст ва ҳамроҳи кӯдаки хурдиаш ба ин бозор омада, талбандагӣ мекунад. Дар кадом сатҳ ва чӣ хел зиндагӣ кардани ин қабил ашхос ба хайру эҳсони мардуми аз он минтақа мегузашта вобаста аст. “Чӣ хӯрдану чӣ гуна зиндагӣ карданамон ба саховати мардум вобаста аст – мегӯяд, ӯ бо алам.
“Дигар чорае надорам”
Нафари дигареро вохӯрдем, ки дар даст кӯдаки сесола ба талбандагӣ машғул буд. Ин зан аз зикри номаш худдорӣ карда аҳволашро чунин шарҳ дод: Шаҳварам як солу чор моҳ мешавад, ки дар Русия зиндонӣ шудааст. Баъд аз ин ҳолат, ман ҳамроҳи чор кӯдакам бо модарам зиндагӣ дорам. Барои кор ба чанд ҷой муроҷиат кардам, розӣ шуданд, баъди фаҳмидани он ки кӯдаки хурдсол дорам рад намуданд. Ночор шуда, ба талбандагӣ машғул шудам. Ду-се рӯз пас бо кӯдаки хурдсолам, ба ин ҷо омада мешинам. Баъзеҳо бад-бад нигоҳ мекунанд, ҳар кас ҳар чиз мегӯяд, лекин чӣ кор кунам, дигар чорае надорам” – гуфт ӯ.
Зарина Шафиева ва Исмоилҷон Маликов махсус барои YOUR.tj