fbpx

Аз ҳодисаи тирпарронӣ дар Хоруғ то даргузашти ду табиби номии тоҷик: Мухтасари хабарҳои муҳими рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Хорӯғ. Акс аз «Номус ва Инсоф»

Ҳодисаи тирпарронӣ дар Хоруғ

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи тирпаронии рӯзи 4-уми ноябри шаҳри Хоруғро шарҳ дод. Дирӯз дар шабакаи фейсбук корбаре бо номи Комчек Мирзоев бо гузоштани чанд акс навишта буд, ки “дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд”.

Акс аз гуруҳи Фейсбукуки “Памир и мир”

Дафтари матбуоти ВКД имрӯз ин ҳодисаро шарҳ дод. Бино ба навиштаи ин ниҳод “4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, шаҳрванд Зикилобеков Сино Файзулобекович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи №50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 00-05 ВЕ 07, дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор менамояд“.

ВКД ҳамчунин шарҳ дода, ки “ҳангоми пайгирии автомашинаи мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд. Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст”.

39 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 5-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 нафари ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд.  Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 11219 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 83 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10494 нафар баробар шуд.

Даргузашти ду духтури дараҷаи олӣ аз “илтиҳоби шуш”

Рӯзи 4-уми ноябр ҷанозаи мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимовро дар 54-солагӣ ва мудири шуъбаи пизишкии мардони Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии ин вилоятро дар синни 60-солагияш ба хок супориданд.

Аввалӣ баъди тахмин як моҳи табобат дар беморхона бо иллати оризаҳои “илтиҳоби шуш” ва дувумин дар пайи табобати хонагӣ бар муқобила бо ҳамин беморӣ ҷон бохтанд.

Мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимов оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳи ҳамсараш мудири шӯъбаи амрози занонаи ҳамин беморхона бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буданд.

Як манбаъ дар сӯҳбат бо Азия-Плюс гуфт, ки зану шавҳари духтур рӯзи 12-уми сентябри соли равон бо иллати бемории “илтиҳоби шуш” дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ ва 9-уми октябр баъди шифоёбӣ рухсат шуда буданд. Аммо манбаъ афзуд баъди ду рӯзи шифоёбӣ аз “илтиҳоби шуш” Садриддин Раҳимов дар хона дучори сактаи майнаи сар шудааст. Ду рӯз пеш аз марг дуюмин даъфа инсулти майнаи сар хурӯҷ кард ва ҷарроҳи машҳурро бо “оризаҳои илтиҳоби шуш” аз мо рабуд,- мегӯяд манбаъ.

Садриддин Раҳимов аз оғози пандемияи COVID-19 яке аз духтуроне буд, ки дар “хати сурхи” муқобила бо бемории коронавирус барои табобати беморон талош мекард.

Ширкатҳои русӣ барои иҷозаи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия дархост додаанд

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия “ЮТэйр” ва “Уралские авиалинии” барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс омодагии худро баён карданд.

Маълум шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дархости ширкати “ЮТэйр” барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Сургут  ҳафтае як бор аз ҳарду ҷониб барои баррасӣ ба мақомоти Тоҷикистон равон карда шудааст .

Инчунин, ширкати “Уралские авиалинии” тасмим дорад барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайрҳои дигар низ ба мақомоти Тоҷикистон дархост равон намояд.

Фурӯши чиптаҳо ба ин парвозҳо ва далели ворид шудани ба Русияро худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян хоҳанд кард.

Гуфта шудааст, ки баъд аз муайян шудани ин парвозҳо натанҳо шаҳрвандони Русия балки нафароне, ки далели ворид шудан ба Русияро доранд низ метавонанд парвоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, сафорат таъкид кардааст, ки тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Идомаи тағйироти кадрӣ: Президент бо як фармон се судяро барканор кард

Бино бар нусхаи фармоне, ки котиботи раисҷумҳур дар сомонаи президент нашр кардааст, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 ноябр се судяро дар вилояти Суғд аз мақомашон барканор кардааст.

Дар як фармони раиси ҷумҳур номи се додгоҳи кишвар зикр мегардад, ки бо сабабҳои гуногун барканор шудаанд.

Ҳамин тавр, Турсунзода Бобоҷон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод шудааст.

“Саидзода Илҳом Ҳамид аз вазифаи раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Раҳматулозода Беҳруз Раҳматуло аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд”, – гуфта мешавад дар банди дувуми фармони президент.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend