fbpx
0

Аксари одамон ҳеҷ гоҳ бо ҳомиёни ҳуқуқ рӯ ба рӯ нашудаанд. Аммо қариб ҳар як инсон ҳадди ақал як бор дар зиндагӣ ба вазъияте дучор шудааст, ки амният ва осудагии ӯ аз қудрат ё қарори шахси дигар вобаста будааст.

Ҳомии ҳуқуқ кист?

Ҳомии ҳуқуқ шахсест, ки ҳуқуқи дигаронро ҳифз мекунад. Ӯ ҳатман ҳуқуқшинос ё мансабдори давлатӣ нест. Ин метавонад омӯзгор, рӯзноманигор, табиб, фаъоли ҷамъиятӣ ё танҳо як шаҳрванде бошад, ки вайте нақзи ҳуқуқро мебинад бетарафу бепарво нест ва онро нодида намегирад.

Фаъолияти ҳомии ҳуқуқ аз сабти ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва судҳо, огоҳ кардани ҷомеа, ҳамроҳӣ ва дастгирии қурбониён, инчунин мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ иборат аст. Ин кори пурмашаққат ва аксаран хатарнок мебошад.

Ҷомеаи байналмилалӣ мақоми махсуси ҳомиёни ҳуқуқро дар Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1998 дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва ниҳодҳои ҷомеа барои мусоидат ва ҳифзи ҳуқуқҳои умумэътирофшудаи инсон муқаррар кардааст. Ин санад ҳуқуқи онҳоро ба ҳимоя, дастрасӣ ва паҳн кардани иттилоот, инчунин ба муттаҳид шудан эътироф менамояд.

Ин фаъолият дар камтарин ҳолат бехатар аст. Вақте ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи шиканҷа, фасод, зӯроварӣ ё сӯистифода аз ваколат сухан мегӯянд, онҳо аксар вақт ба шахсони «ноқулай» табдил меёбанд.

Бино ба маълумоти созмони Front Line Defenders, танҳо дар соли 2023 дар 28 кишвари ҷаҳон на камтар аз 300 ҳомии ҳуқуқ кушта шудаанд. Дар маҷмӯъ, аз замони қабули Эъломия дар соли 1998 то соли 2023 шумораи онҳо аз 5 ҳазору 500 нафар гузаштааст.

«Ин мавҷи даҳшатноки ҳамлаҳо ба ҳомиёни ҳуқуқ натиҷаи мустақими он аст, ки низоми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон то ҳол бештар рӯи коғаз боқӣ мемонад», — гуфтааст Алан Глазго, директори иҷроияи Front Line Defenders.

Навъҳои маъмултарини поймолкунии ҳуқуқи худи ҳомиёни ҳуқуқ инҳоянд: боздоштҳои худсарона (15 фоизи ҳолатҳои сабтшуда), таъқиби ҷиноятӣ (13 фоиз), таҳдиди қатл (10,2 фоиз), назорату пайгирӣ (9,8 фоиз) ва ҳамлаҳои ҷисмонӣ (8,5 фоиз). Дар паси ин рақамҳо одамони воқеӣ ва сарнавиштҳои воқеӣ қарор доранд.

Чаро ҳомиёни ҳуқуқ барои ҷомеа муҳиманд?

Ҷомеа ба механизмҳое ниёз дорад, ки аз мушкилоту камбудиҳо огоҳ кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ яке аз чунин механизмҳо мебошанд. Онҳо дар ҷойҳое фаъолият мекунанд, ки дастрасии нозирони давлатӣ ба онҳо мушкил аст: муассисаҳои пӯшида, минтақаҳои дурдаст ва муҳитҳое, ки тарсу хомӯшӣ ҳукмфармост.

Кори онҳо натиҷаҳои мушаххас дорад. Тибқи гузориши Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа, то соли 2024 аллакай 175 давлат Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро ба тасвиб расонидаанд. Ин санад то ҳадди зиёд маҳсули даҳсолаҳои талош ва фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Конвенсия маҳз 26 июни соли 1987 мавриди амал қарор гирифт ва ҳамин сана баъдан асоси таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо шиканҷа гардид.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҷомеаеро ташаккул медиҳанд, ки дар он инсон медонад: ӯ танҳо нест. Барои ҷомеа муҳим аст, ки ҳар шахс эҳсос кунад дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо беадолатӣ танҳо намемонад. Касе хоҳад буд, ки нақзи ҳуқуқро сабт кунад, барои ёфтани вакил кумак расонад, масъаларо ба фазои оммавӣ барорад ва нагузорад мушкил дар хомӯшӣ нопадид шавад. Ҳамин эҳсос ҳатто ба онҳое, ки ҳеҷ гоҳ мустақиман ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат накардаанд, ҳисси амният мебахшад.

Давлат ва ҷомеа аз ҳомиёни пурқуввати ҳуқуқ чӣ ба даст меоранд: далелҳо ва рақамҳо

Одатан чунин мешуморанд, ки манфиатҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам мухолифанд. Аммо таҳқиқотҳо баръаксро нишон медиҳанд: дар кишварҳое, ки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон самаранок фаъолият мекунанд, ҳама бурд мекунанд — шаҳрвандон ҳимоя мешаванд ва давлат барои рушд муҳити устувортар ва ҷолибтар ба даст меорад. Ин танҳо шиор нест, балки воқеияти иқтисодист.

Ҳуқуқи инсон сармоягузории дарозмуддат ба рушд

Таҳқиқоти Институти ҳуқуқи инсони Дания як нуктаи муҳим ва барои бисёриҳо ғайриинтизорро нишон медиҳад: рушди устувор на танҳо аз сармоягузорӣ ва инфрасохтор, балки аз эътимоди мардум ба низом низ оғоз мешавад.

Институти ҳуқуқи инсони Дания таҳқиқоти васеи иқтисодсанҷӣ анҷом дод. Натиҷаҳои он, ки бар асоси маълумоти 167 кишвар дар солҳои 1981–2011 ба даст омадаанд, барои бисёриҳо ғайричашмдошт буданд: риояи озодии сухан, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ба рушди иқтисодӣ таъсири мусбати назаррас мерасонад, аммо ин таъсир танҳо пас аз 10–15 сол намоён мешавад. Яъне ин гузашти муваққатӣ ё имтиёзи кӯтоҳмуддат нест, балки сармоягузорӣ бо самараи дертар, вале устувору боэътимод аст.

Ҳамзамон, вобастагии баръакс ошкор нашуд: худи рушди иқтисодӣ ба беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон намеоварад. Ин натиҷа мантиқи маъмулиро тағйир медиҳад: масъала дар он нест, ки «аввал бой шавем ва баъд ба ҳуқуқ машғул гардем», балки баръакс — эҳтироми ҳуқуқҳо худ заминаи рушди устуворро фароҳам меорад.

Фасод барои ҳама гарон меафтад ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон

Дар байни омилҳое, ки ҳамзамон ба молияи давлатӣ ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон зарба мезананд, фасод яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.

Фасод танҳо масъалаи пул нест. Ин пеш аз ҳама эҳсоси он аст, ки қоидаҳо барои ҳама яксон амал намекунанд. Вақте инсон маҷбур мешавад барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, таҳсилот ё гирифтани ҳуҷҷатҳо маблағи ғайрирасмӣ пардохт кунад, ӯ на танҳо пул, балки эътимоди худро ба давлат низ аз даст медиҳад.

Тибқи арзёбии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, зарари солонаи иқтисоди ҷаҳонӣ аз фасод аз 2,6 то 3,6 триллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ зиёда аз як триллион долларро ришваҳои мустақим ташкил медиҳанд. Ин маблағҳо на ба буҷети давлат ворид мешаванд ва на ба ҷайби шаҳрвандон; онҳо ба иқтисоди пинҳонӣ мегузаранд, арзиши хизматрасониҳои давлатиро боло мебаранд ва сатҳи эътимод ба ниҳодҳоро коҳиш медиҳанд.

Бино ба маълумоти Transparency International, ҳар чаҳорумин сокини сайёра дар давоми як соли охир барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла тиб, маориф ва ҳуҷҷатгузорӣ ришва додааст.

Созмонҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигорон яке аз камтарин абзорҳое мебошанд, ки қобилияти шикастани ин занҷирро дар амал нишон додаанд. Онҳо қонуншиканиҳоро ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд, ба шаҳрвандон барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон то муроҷиат ба суд кӯмак мерасонанд ва хароҷоте, ки давлат ҳангоми баррасии баҳсҳои байналмилалӣ ва пардохти ҷубронҳо ба дӯш мегирад, коҳиш медиҳанд.

Волоияти қонун: вақте он заиф мешавад, ҳама зарар мебинанд

Шохиси волоияти қонуни Лоиҳаи ҷаҳонии адолат (WJP Rule of Law Index) яке аз мӯътабартарин воситаҳои муқоисаи низомҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин шохис 142 кишварро фаро гирифта, ҳамасола бар асоси зиёда аз 214 ҳазор пурсиш таҳия мешавад.

Кишварҳое, ки дар ин шохис нишондиҳандаҳои баланд доранд, мунтазам сармоягузории бештари хориҷиро ҷалб мекунанд, сатҳи камбизоатии пасттар доранд ва шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ бештар эътимод мекунанд. Аз ин рӯ, волоияти қонун мафҳуми абстрактӣ нест, балки яке аз бартариҳои рақобатии ҳар давлат ба шумор меравад.

Маълумоти шохиси волоияти қонун дар соли 2024 тамоюли нигаронкунандаеро нишон медиҳад: дар солҳои 2016–2024 ҳифзи ҳуқуқҳои бунёдӣ дар 81 фоизи кишварҳо заиф гардида, дар 77 фоизи кишварҳо сифати фаъолияти ниҳодҳои ҳуқуқӣ коҳиш ёфтааст.

Вақте волоияти қонун суст мешавад, ин раванд қариб ҳеҷ гоҳ ногаҳонӣ рух намедиҳад. Аввал одамон бовариро ба он аз даст медиҳанд, ки шикоятҳо натиҷа медиҳанд. Баъдан эътимод ба он кам мешавад, ки суд метавонад онҳоро ҳимоя кунад. Сипас боварӣ ба он аз байн меравад, ки қоидаҳо барои ҳама яксон амал мекунанд. Маҳз барои ҳамин имрӯз нишондиҳандаҳои волоияти қонун бештар ҳамчун меъёри устувории давлат арзёбӣ мешаванд.

Беш аз 6 миллиард нафар дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки вазъи волоияти қонун дар онҳо нисбат ба ҳашт соли пеш заифтар шудааст. Ин бохти умумӣ ҳам барои шаҳрвандон аст, ки ҳимояи худро аз даст медиҳанд, ва ҳам барои давлатҳо, ки эътимод, сармоягузорӣ ва нуфузи байналмилалии худро коҳиш медиҳанд.

Уҳдадориҳои байналмилалӣ: ҳомиёни ҳуқуқ барои иҷрои онҳо мусоидат мекунанд

175 давлат Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷаро ба тасвиб расонидаанд. Протоколи иловагӣ ба ин конвенсия таъсиси низоми механизмҳои миллии пешгирикунандаро пешбинӣ мекунад, ки аз ташрифҳои мунтазами мустақилона ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ иборатанд.

Дар аксари кишварҳо чунин механизмҳо маҳз ба шарофати мавҷудияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд, зеро онҳо таҷрибаи корӣ, эътимоди ҷабрдидагон ва усулҳои санҷидашудаи фаъолиятро доранд.

Бидуни онҳо давлатҳо метавонистанд уҳдадориҳои байналмилалии худро танҳо ба таври расмӣ иҷро намоянд, ки ин метавонад паёмадҳои манфии ҳуқуқӣ ва обрӯ ба бор оварад.

Ба ҷойи хулоса

Кори ҳомиёни ҳуқуқ кам ба чашм мерасад. Одатан мардум танҳо вақте онҳоро ба ёд меоранд, ки аллакай ҳодисае рух додааст. Вақте инсон ба вакили дифоъ ниёз дорад. Вақте эҳсоси амният аз байн меравад. Вақте низом дигар садои шаҳрвандро намешунавад.

Аммо маҳз мавҷудияти одамоне, ки омодаанд дар бораи масъалаҳои душвор ва барои бисёриҳо ноқулай сухан гӯянд, аксар вақт ҳамон марзе мегардад, ки намегузорад хушунат ва беҷазоӣ ба як меъёри маъмулӣ табдил ёбанд.

Ва шояд саволи асосӣ дар ин ҷо на он бошад, ки оё ҷомеа ба ҳомиёни ҳуқуқ ниёз дорад ё не.

Балке савол ин аст, ки ҷомеа чӣ гуна мешавад, вақте дигар садои онҳо шунида намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend