fbpx
0

Полиси шаҳри Душанбе аз боздошти Хуршеда Раҳимова, сарояндаи эстрада бо гумони ҷалби шаҳрвандон ба истисмори шаҳвонӣ ва танфурӯшӣ дар хориҷа хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар 38-сола ва сокини пойтахт мебошад. Гуфта мешавад, ки ӯ дар доираи фаъолияти худ бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои гуногун чандин ҷавондухтарро ба хориҷи кишвар ҷалб намуда, онҳоро ба анҷоми амалҳои шаҳвонӣ маҷбур мекардааст.

Мақомот изҳор медоранд, ки то ҳол як қатор ҳолатҳои эҳтимолии чунин кирдорҳо ошкор шудаанд ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар бораи мавқеи худи гумонбар нисбат ба иттиҳомҳо маълумоти расмӣ дастрас нест. Ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, парвандааш мавриди баррасӣ қарор дорад.

Мақомот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар ба фиреби Хуршеда Раҳимова дучор шуда бошанд бо рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба полиси пойтахт муроҷиат кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend