fbpx
0

Аз сокинон ва меҳмонони Душанбе даъват шудааст, ки аз таксиҳои ғайрирасмӣ, ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд.

Дар ин бора “Душанбенақлиётхадамотрасон” — мақоме, ки барои танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт масъул аст, изҳорот нашр кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳадафи ин талабот “таъмини амнияти ҳаёт ва саломатии мусофирон ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ” мебошад.

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, аз таксиҳое истифода баранд, ки рақами давлатии онҳо ранги сабз дошта, рақами иловагии бақайдгирӣ бо ранги зард доранд.

Ниҳод таъкид мекунад, ки фаъолияти таксиҳои пойтахт ба талаботи меъёрӣ мувофиқ буда, онҳо аз муоинаи техникӣ ва ронандагон аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.

Барои таъмини амнияти ронандагон ва мусофирон дар ин нақлиётҳо камераҳои назоратӣ насб шудаанд ва раванди хизматрасонӣ назорат карда мешавад.

Қайд мешавад, ки фаъолияти таксиҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ буда, ронандагони онҳо андоз пардохт намекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend