Аз 14 то 20-уми март дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мегардад. Ин чорабинӣ бо мақсади танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва дастрас кардани онҳо бо нархи арзон барои сокинон роҳандозӣ мешавад.
Сокинони Душанбе метавонанд маводи асосии рӯзгор, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи камтар аз бозор харидорӣ кунанд. Нарх дар ярмаркаи фуруш чунин аст:
- 1 кг гӯшти гов – 65 сомонӣ;
- 1 кг гӯшти гӯсфанд – 75 сомонӣ;
- 1 кг картошка – 4,5 сомонӣ;
- 1 кг пиёз – 1,5 сомонӣ;
Ярмаркаҳо бо иқдоми Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баргузор мешаванд ва ҳамасола пеш аз ҷашнҳо ташкил мегарданд. Ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар ин маконҳо баргузор мегардад:
- Тавққуфгоҳи назди бозори “Меҳргон”;
- Таваққуфгоҳи назди ҳукумати ноҳияи Сино;
- Таваққуфгоҳи назди бозори “Саховат”;
- Боғи “Куруши Кабир” дар назди театри Опера ва балети ба номи С.Айнӣ;
Маъмулан чунин ярмаркаҳо пеш аз ҷашнҳо ташкил шуда, ба гуфтаи масъулон маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешаванд.








