Агар Саттор Турсун, нависандаи ҳақгӯ ва шахсе, ки ҳамеша мавқеашро ошкоро баён мекард, зинда мебуд, 80-сола мешуд. Вале риштаи ҳаёташ шоми 5-уми июни соли 2023 дар 77-солагӣ канда шуд.
Ӯ дастпарвари Мирзо Турсунзода ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон буд. Унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро дошт ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Саттор Турсун натанҳо нависанда, балки ба қавли шогирдонаш, “кӯҳи пуршукӯҳи насри тоҷик” буд. Шахсияте буд, ки дар ҳар қадамаш аз ҳақиқат мегуфт.
Дар давраи мавҷудияти сензура ҳам ӯ як ҳарфи асарашро иваз накард. Дар давраи истиқлолият ҳам вақте хонандагони китоб кам шуданд, ӯ аз навиштан даст накашид ва дар бораи адабиёт, забон ва сарнавишти миллат меандешид.

“Тифл мондам аз ту модар”
Саттор мутаваллиди 15-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон аст. Аммо зиндагиаш бо дарде оғоз ёфт, ки то охири умр дар дилаш монд.
Модараш ҳангоми таваллуди додараш ҷони худро аз даст дод ва Саттор дар 5-солагӣ бемодар монд. Сӯзи ин фоҷеа то охири умр бо ӯ буд ва дар асарҳояш ҳам акс ёфт. Махсусан, дар повести машҳураш “Мегӯянд, ки модарам…” эҳсоси бемодарӣ ба шакли таъсирбахш тасвир гардид.

Падараш мудири маориф, сарвари полис ва раиси колхоз будааст. Ӯ чор фарзанди хурдашро танҳо бузургу тарбия мекунад. Ба қавли Саттор Турсун, падараш китобхон буд ва ӯро низ ба дунёи мутолиа кашонд. Гоҳо ба побел машғул шуда мегуфт: “Ту барои ман ҳамин китобро хон”. Ҳамин тавр, Саттор бо китоб бузург шуд.
Деҳаи Посурхӣ ҳам дар эҷодиёти ӯ асари амиқ гузошт. Ҳар чӣ аз мӯйсафедону кампирони деҳа шунидааст, дар бисоти худ нигоҳ дошта ва дар мавриди зарурӣ истифода кардааст. Баъдтар, вақте ба зодгоҳаш мерафт, мегуфт: “он замон забон тозатар буд, мардум бештар ба ҳам муҳаббат доштанд, аз ҳоли якдигар бохабар ва бо ҳамдигар наздик буданд”.
“Мехостам ба худ собит кунам, ки…”
Соли 1965 ӯ озими Душанбе шуд ва дар ихтисоси забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кард. Дар соли дуюми таҳсил ба адабиёт омад.
Ин ҳам қиссаи аҷибе дорад. Дар рӯзномаи деворие ҳикояеро хонд ва беихтиёр “расво” гуфт. Муаллифи он ҳикоя бо ӯ ҷанҷол бардошт: “Аввал худат навишта бин, баъд гап зан!”. Ин ҷумла ба Саттори ҷавони сермутолиа таъсир гузошт. Ҳамон шаб нишаста, ҳикояи “Шабе дар роҳ”-ро таълиф кард ва ба рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фиристод. Ҳикоя чоп шуд. Ҳаққи қаламаш аз идрорпулӣ зиёдтар буд.

Саттор он вақт фаҳмид, ки навиштан на танҳо писанд, балки руҷуъ ба боварҳои худ аст. Мегуфт, “мехостам ба худ собит кунам, ки ман ҳам навишта метавонам”. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста гирифтори сухан ва коғазу қалам шуд. Дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” ҳикояҳояш чоп шуданд.
Ба воситаи Мирзо Турсунзода ба маҷолиси хос мерафт
Ҳунари Саттори ҷавон аз назари устод Мирзо Турсунзода, раиси вақти Иттифоқи нависандагон ва Убайд Раҷаб, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” дур намонд. Вақте дар курси панҷум таҳсил мекард, Саттор Турсунро ба “Садои Шарқ” даъват карданд ва ӯ 20 сол дар ҳамин маҷалла – аз мудири шуъба то муовини сардабир кор кард.
Баъдҳо Саттор Турсун гуфт, Турсунзода “ба банда муҳаббат доштанд, дар давраи раисии эшон ду маротиба хона гирифтам, зиндагиам хуб буд. Дар ҷавонӣ, 30-сола набудам, ки маро ба сафарҳо, ба маҷлисҳои бонуфуз мефиристоданд”.

“Бо шарофати эшон ман бо котиби аввали Озарбойҷон Ҳайдар Алиев шишта суҳбатҳо кардам, чой хӯрдам, ҳамчунин, бо котиби аввали Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе, котиби аввали Узбекистон Иномҷон Усмонхӯҷаев ва дигарон. Вохӯриҳоям бо нависандагони бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо шарофати устод Мирзо Турсунзода иттифоқ афтодаанд, бароям ҳам хотирмон ва ҳам омӯзанда буданд”, – мегуфт Саттор Турсун.
Ба гуфтаи худаш, аз Убайд Раҷаб ҳам меҳнат кардан ва муҳаббат ба корро омӯхт: “заҳмат кашидан фақат каланд задан, кӯча рӯфтану мошин шустан ё дар бозор нишастан нест. Хондану омӯхтан, худро тарбия кардан, аз рисолати инсонии хеш хабар ёфта, мураккабиҳои дунёро шинохтан ҳам заҳмат аст”.

Асарҳояш сахт “муҳокима” мешуданд
Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо унвони “Дили гарм” соли 1971 нашр шуд. Ин унвон рамз дошт. Ӯ мехост бигӯяд, ки дили нависанда ҳамеша бояд гарм бимонад, бо дарди мардум биҷӯшад.
Саттор Турсун аз аввал роҳи эҷодии худро маълум кард. Худаш мегӯяд, “аз аввал дилам намекашид, ки дар мавзуъҳои рӯзмарраи сиёсӣ, сохтмонҳо, чорабиниҳои бузург, ки пропаганда талаб мекард, асар нависам”.

“Бештар сарнавишти инсонҳо бароям ҷолиб буд. Шояд ҳамин сабаб шуд ё дастак гардид, ки баъзе ҳамкасбон аз рашк ба Кумитаи марказӣ, ҳатто ба Маскав номаҳои мустаор менавиштанд”, – омадааст дар ёддоштҳояш.
Ӯ сарнавишти инсон, дарди инсон, тақдири инсон, андешаи инсонро меҷуст. Аз ҳикояҳои кӯтоҳ ба повестҳо ва саранҷом ба иншои роман даст зад. “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Сукути қуллаҳо”, “Ситораи корвонкуш” яке паси дигар рӯйи чопро медиданд.
Аммо тай кардани ин роҳ осон набуд. Ба қавли худаш, дар замони Шӯравӣ сензура вазнин буд. Романи “Се рӯзи як баҳор” қариб 5 сол “муҳокима” шуд. Ӯро таъна заданд, аз ӯ талаб карданд, ки образи қаҳрамони асосӣ – Усмон Азизро иваз кунад. Саттор дар мавқеаш пойфишорӣ мекард.

“Гуфтанд, ки онро чоп намекунем, то даме ки дар асоси гуфтаҳои мо ислоҳ нашавад, лекин ман як ҳарфашро иваз накардам. Гуфтам, истад, баъдан чоп мешавад. Баъди марг низ аз ғалладони мизи кории нависанда бояд ягон чиз пайдо шавад…”, – мегфт худи нависанда.
Баъди 5 сол ин романро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва баъдан дар нашриёти Маскав бо теъдоди беш аз 2 миллион нусха нашр карданд ва онро адабиётшиносон дертар “падидаи адабӣ” номиданд. Дар “Се рӯзи як баҳор” нависанда бори аввал ба ҳодисаҳои солҳои 20-уми асри гузашта бо диди нав нигоҳ кард.

“Романи “Се рӯзу як баҳор” чӣ хубӣ дорад? Мо ҳамеша босмачиро манфӣ тасвир мекардем ва як замоне ҳам шуд, ки босмачиро ватанпарвар гуфтанд. Онҳо касоне буданд, ки барои Тоҷикистони онвақта мубориза бурданду нахостанд русҳо биёянд. Лекин дар асари номбурда қаҳрамонаш Усмон Азиз то омадани русҳову инқилоб шахси давлатманд буд, вақте ки русҳо омаданду инқилоб шуд, онро напазируфт. Ахиран омад.
Ӯ ба сохти шӯравӣ мутеъ нест, онро намепазирад, лекин Ватанро мепазирад ва дӯст медорад, ба хотири ҳамин омадааст. Зоҳиру ботини Усмон Азиз як аст, одил, ватанхоҳ аст ва халқашро дӯст медорад. Барои ҳамин ин образи нав дар насри садаи 20-уми тоҷик мебошад”,- мегӯяд адабиётшиноси шинохта Ҳафиз Раҳмон.
Чаҳорумин адибест, ки…
Қаламкашии Саттор Турсун ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи адабиётшиносону муҳаққиқон будааст ва онро нақду баррасӣ мекунанд. Ӯро адиби бомаърифат ва нависандае медонанд, ки услуби хос ва забони равон дорад.

Ба қавли адабиётшиносон, Саттор Турсун натанҳо адабиёти классикии форсу тоҷикро хуб медонист, балки аз адабиёти муосири ҷаҳон, аз ҷараёнҳои тоза дар адабиёт огоҳӣ калон дошт.
Профессор Худойназар Асозода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, гуфтааст, “дар адабиёти садаи XX се адиберо мешиносем, ки дорои маърифати баланд буданд: аввал Садриддин Айнӣ, дуввум Абулқосим Лоҳутӣ, сеюм Сотим Улуғзода. Ва чорумин адибе, ки аз оғози солҳои 70-ум ба фаъолияти адабӣ пардохт, яъне ҳамин ҷаноби Саттор Турсун аст”.
Саида Ғаффорова, як муҳаққиқи осори Саттор Турсун ҳам менависад, ки “забони насри Саттор Турсун равону шево ва пур аз боигариҳои луғавии забони тоҷикӣ буда, дар пироҳани шинами бадеӣ бо фарогирии унсурҳои гуфтугӯии роиҷи тоҷикӣ офарида шудаанд. Дар асарҳои нависанда унсурҳои шевагии дағал, ки хоси як маҳалли тоҷикнишин бошад, ба назар намерасад”.

Ба таъкиди ӯ, дар эҷоди нависанда мақолу зарбулмасал, ифодаҳои халқӣ, санъатҳои бадеӣ бамаврид истифода гардидаанд ва тасвирҳои табиат, портрети қаҳрамонҳо, монологу мунозираҳо бо забони фасеҳ эҷод шудаанд. Ба ивжа, забони китобҳои “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Сукути қуллаҳо”, “Барф ҳам мегузарад”, “Санг дар бағал ба тӯфон”, “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх” васф мешавад.
Худи Саттор Турсун ҳам чунин гуфтааст: “забони ҳар як миллат, гаронбаҳотарин хазинаи олам аст – дар он дили бузурги халқ метапад; вай ҳамон ҳофизаест, ки умеду орзуҳо, муборизаву бунёдкориҳо, шодиву нокомиҳо – хулоса, таърихи дуру дароз ва муқаддаси халқро дар худ зинда медорад”.

“Аввал шахсият буд, баъд адиб”
Саттор Турсун на танҳо дар назди миз менишасту менавишт. Ӯ ҳамчун яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ҳам шинохта мешуд. Солҳои 1990 мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Соли 1993 нахустин сухангӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйин шуд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард. Аз солҳои 1994 то 1997 сардабири маҷаллаи русзабони “Памир” ва баъдан мудири нашрияи “Баҳори Аҷам” буд. Ӯро ҳамчун шахси ошкорбаён ҳам мешинохтанд.

Низом Қосим, роҳбари Иттифоқи нависандагон ба ин бовар аст, ки Саттор Турсун нависандаи воқеъбин ва ҳамеша дар андешаи адабиёт буд. Ҳар чӣ мегуфт, агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт.
“Дар адабиёт барои аз қадамҳои аввалин то 77-солагӣ ҷой ва мавқеи худро нигоҳ доштан заҳматҳои зиёде лозим аст. Саттор Турсун умри хешро сарфи адабиёт кард”, – мегӯяд роҳбари ИНТ.

Дар баробари ин, Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “Саттор Турсун аввал шахсият буд, баъд адиб. Ҳақиқатан шахсияте буд, ки худашро насохт, ӯро аз боло сохта, ба ин ҷо фиристоданд…”.
Ду романашро нонавишта рафт…
Солҳои охир Саттор Турсун аз бемории глаукома ва саратони ғадуди зери меъда ранҷ кашид. Чашмаш камнур шуд. Барояш аз хондан маҳрум мондан фоҷиа буд: “чашмам иллат пайдо кардааст ва ин чандон фоҷиа нест. Фоҷиаи асосӣ ин аст, ки хондан бароям имконнопазир шудааст”.

Ду романи нотамом дошт: “Ману моҳи хиргаҳнишин” ва якеи дигар,ки ҳанӯз ном надорад. Мехост онҳоро такмил диҳад, умед дошт, ки рӯзе бо шароити мусоид асарҳоро ба анҷом расонда метавонад, вале…
Шоми 5-уми июни соли 2023 дар хонааш дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар маросими видоъ адибон, мақомдорон, дӯстон гирдиҳам омаданд. Ӯро назди дигар зиёиён дар Оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
Ёдаш гиромӣ бод!
Меҳрофарин Наҷибӣ, Your.tj









