fbpx
0

Парлумони Тоҷикистон созишномае бо Қирғизистонро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ дар қаламрави якдигар будубош кунанд.

Вакилони парлумон рӯзи 9-уми январ тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”-ро, ки 1-уми феврали соли 2018 имзо шуда буд, қабул карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин санад дар парлумони Қирғизистон тасвиб шудааст ё не.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, созишнома ба рушди муносибатҳои дӯстона, танзими ҳуқуқии сафарҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди будубоши шаҳрвандон мусоидат мекунад. Дар он муҳлатҳои озод будан аз сабти ном, тартиби будубоши муваққатӣ ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои воридшавӣ пешбинӣ шудаанд.

Шуҳрат Ғанизода, вакили парлумон, ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки тибқи созишнома шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон то 60 рӯз бидуни сабти расмӣ ҳаққи будубош дар қаламрави кишварҳои якдигарро доранд. Ба гуфтаи ӯ, ин санад ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҳар ду давлат мусоидат хоҳад кард.

Ин тасмим дар пасманзари беҳбуди равобити ду кишвар қабул мешавад. Пас аз солҳои баҳси марзӣ, моҳи марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар Бишкек созишномаи ниҳоӣ оид ба марзи давлатӣ имзо карданд. Ҳамчунин, бо иштироки роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ боз шуда, марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки беш аз чор сол баста буд, дубора фаъол гардид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend