Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон се шаҳрванди Чин ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 26-уми ноябр дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.
Гуфта мешавад, ҳамла ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” дар отряди сарҳадии “Ёл”-и ин ноҳия рух додааст.
“Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ” – шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд”, – омадааст дар хабари расмӣ.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, “бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд”.
Тоҷикистон амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро “қотеона” маҳкум намуда, аз гуруҳи ҳоким дар Афғонистон хостааст, “ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя” тадбирҳои муассир андешанд.








