fbpx

4 рӯзи истироҳат ба муносибати Рӯзи Конститутсия

6, 7, 8 ва 9 ноябр дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ аст.


0

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон пайиҳам 4 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, 6, 7, 8 ва 9 ноябр рӯзҳои истироҳатӣ аст, хабар медиҳад Asia-Plus бо истинод ба Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилоъ, шанбе – 1 ноябр рӯзи корӣ ва ҷумъа – 7 ноябр рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ин тағйирот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интиқоли рӯзҳои истироҳат дар соли 2025» аз 28 феврали соли 2025, №121 сурат гирифтааст.

Шаҳрвандоне, ки ҳафтаи кории панҷрӯзӣ доранд, аз 6 то 9 ноябр истироҳат карда, рӯзи 10 ноябр ба кор мебароянд. Онҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯзӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд, зеро 8 ноябр барои онҳо рӯзи корӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, ҳамчун рӯзи расмии истироҳат муқаррар шудааст. Имсол Тоҷикистон 31-солагии қабули Конститутсияро ҷашн мегирад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend