fbpx

Роҳпаймоии 60 ҳазор нафара ва парчами 2011 метра: Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро чӣ хел таҷлил мекард

Имсол ҷашни Истиқлолро бошукӯҳ таҷлил намекунанд, вале Шумо метавонед таҷлили солҳои пешинро дар маводи мо бубинед.


0
137 shares
Фото Нозима Каландарова

Тоҷикон имрӯз, 9-уми сентябр 29-умин солгарди Истиқлоли кишварро ҷашн мегиранд. Ин ҷашнро солҳои охир хеле бошукӯҳ ва бо иштироки васеи донишҷӯёну мактаббачагон, аскарон ва дигар кормандон, ки барои роҳпаймоӣ ҷалб мешуданд, таҷлил мекарданд.

Имсол аз сабабии пандемияи коронавирус ҳукумат таҷлили бошукӯҳи ҷашнро манъ кард ва қарор аст, он дар фазои хоксорона таҷлил шавад.

Дар маводи имрӯзаи худ, мо барои Шумо таҷлили даҳсолаи охири ҷашни Истиқлолро гирд овардем. Солҳои охир пас аз ба истифода додани Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ҳамчун анъана, ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Истиқлоли кишвар дар ин маҷмаа бо иштироки президенти кишвар гузаронида мешавад.

Таҷлили 28 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми НОБ-и “Роғун”

Чорабинии идона бахшида ба муносибати 28-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”  баргузор шуд. Он бо иштироки зиёда аз даҳ ҳазор нафар роҳпаймоён, намоиши театрикунонидашуда, барномаи бошукуҳи консертӣ ва мушакпарронӣ таҷлил шуд.

Таҷлили 27 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2018

Таҷлили 26 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2017

Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ – 2016

25 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро дар майдони марказии пойтахт бо иштирок ва роҳпаймоии 60 ҳазор нафар шаҳрвандон – табибон, муаллимон, мактаббачагон, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои давлатӣ таҷлил карданд.

Бегоҳии 9-уми сентябр тантанаи бошукӯҳ дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ бо намоиши театрикунонида шуда давом кард.

Таҷлили 24 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2015

 

Таҷлили 23 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2014

Таҷлили 22 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2013

Таҷлили 21 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон – 2012

Таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ – 2011

Ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон хеле бошукӯҳ дар майдони марказии Душанбе бо гузашти паради низомӣ ва намоиши идона баргузор гардид.

Дар паради низомӣ зиёда аз 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ роҳпаймоӣ карданд. Пас аз анҷоми парад дар майдон намоиши идона баргузор шуд, ки дар он тақрибан 20 ҳазор донишҷӯ ва зиёда аз 2 ҳазор корманди ташкилотҳои гуногун ширкат карданд. Иштирокчиёни намоиш Парчами давлатии кишварро бо дарозии 2011 метр аз майдон гузарониданд.

Фото Нозима Каландарова

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0
137 shares

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend