Ленакапавир аввалин дору дар таърих шуд, ки сафедаи капсидии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ)-ро бозмедорад. Ин дору 100% аз сироятёбӣ муҳофизат мекунад ва ҳатто бар зидди он штаммҳои ВНМО, ки ба терапияи мавҷуда устуворӣ пайдо кардаанд, самаранок аст.
Дар Тоҷикистон, ки баландтарин сатҳи устувории вирус ба доруҳои мавҷуда дар минтақа сабт шудааст, пайдо шудани Ленакапавир метавонад вазъияти табобат ва пешгирии сироятро тағйир диҳад.
25 июли соли 2025 Агентии тиббии Аврупо (EMA) истифодаи Ленакапавирро, ки аз ҷониби ширкати Gilead Sciences таҳия шудааст, тавсия намуд. Ин доруи шакли тазриқӣ аст, ки танҳо ду маротиба дар як сол гузаронида шуда, бо қариб 100% самаранокӣ пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО-ро таъмин мекунад.
Дар ин мақола мо дида мебароем, ки Ленакапавир дар сатҳи генетикӣ чӣ гуна амал мекунад, чаро чунин самаранок аст ва чӣ умеду мушкилотро бо худ меорад.
Сохтори вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)
Барои дарк кардани аҳамияти Ленакапавир, фаҳмидани сохтори ВНМО ва сабаби ҷалби таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба сафедаи капсидӣ муҳим аст.
Геноми вирус як қатор генҳои асосиро дар бар мегирад. Аксари доруҳои мавҷуда ба ферментҳое равона шудаанд, ки тавассути геноми pol рамзгузорӣ мешаванд. Ин ферментҳо – транскриптазаи баръакс, интеграза ва протеаза – “асбобҳои корӣ”-и вирус мебошанд, ки барои афзоиши он заруранд.
Ленакапавир бошад, ба сохтори тамоман дигар, ки тавассути геноми рамздори gag тавлид мешаванд, ҳадаф мегирад. Ин сафедаҳо ҳамчун маводи сохтмонӣ барои тавлиди вирусҳои нав хизмат мекунанд. Муҳимтарини онҳо сафедаи капсидӣ мебошад (бо ихтисори CA ё p24).
Ҳангоми ворид шудани вируси баркамол ба ҳуҷайраи нав, он аллакай капсиди пурра ташаккулёфта дорад – пардае конусшакле, ки аз садҳо сафедаи CA иборат аст. Ин капсид мисли контейнери зиреҳпӯш ду вазифаи асосӣ ва ба назар зид дорад:
Пеш аз ҳама, муҳофизати боэътимоди маводи генетикии вирус дар роҳ то ядрои ҳуҷайраи соҳибҷисм.
Сипас, вақтсанҷӣ ва дуруст кушодан ҳангоми расидан ба ҳадаф, то геноми вирус барои афзоиши минбаъда озод гардад.
Ин дутарафа будани табиати капсид, сабаби ҳам қавӣ будан ва ҳам осебпазир будан – нуқтаи заъфи он гардид.
Молекулаҳои Ленакапавир бо ҷайби гидрофобӣ (қабати махсус дар рӯи сафеда, ки молекулаҳои дигар метавонанд ба он пайванд шаванд) дар ҳар як сафедаи CA мепайванданд. Ин пайвастшавӣ тавозуни нозуки устувории капсидро бо ду роҳ халалдор мекунад:
- Дар ҳуҷайраи аллакай сироятёфта:
Ҳангоми тавлиди ҷузъҳои вирусҳои нав, Ленакапавир ба сафедаҳои CA халал мерасонад, то онҳо дуруст бо ҳам пайваст нашаванд. Ба ҷои сохтори конусшакли комил, капсиди носозу корношоям ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, вирусҳои нав, ки аз ҳуҷайра хориҷ мешаванд, қобилияти сироят кардани дигар ҳуҷайраҳоро надоранд. Ин раванд, аслан, “раванди ҷамъу ҷудошавии ВНМО”-ро вайрон мекунад.
- Дар ҳуҷайраи солим, ҳангоми ворид шудани вируси баркамол:
Ленакапавир ба капсиди тайёри вирус пайваста, онро аз ҳад устувор мегардонад. Дар натиҷа, капсид наметавонад сари вақт кушода шавад ва маводи генетикии худро дар назди ядрои ҳуҷайра озод кунад. Давраи афзоиши вирус дар марҳилаи аввал қатъ мегардад.
Ин қобилияти ҳамла ба вирус дар ду марҳилаи гуногуни давраи ҳаётии он бо як механизми ягона, Ленакапавирро ба воситаи зидди ВНМО-и бениҳоят самаранок табдил медиҳад.
Чаро вирус ба Ленакапавир муқовимат нишон дода наметавонад?
Мушкилоти асосӣ дар табобати ВНМО суръати хеле баланди мутатсия (тағйирёбии генетикӣ) мебошад. Вирус босуръат сохтори ферментҳои худ – транскриптазаи баръакс, протеаза ва интегразаро тағйир медиҳад, ки дар натиҷа терапияи зиддиретровирусӣ бесамар мегардад.
Дар раванди мутатсия, фаъолияти асосии ферментҳо нигоҳ дошта мешавад, аммо доруҳо қобилияти пайваст шудан ба онҳо ва боздоштани фаъолиятро аз даст медиҳанд.
Дар Тоҷикистон 16,7% бемороне, ки тоза табобатро оғоз мекунанд, аллакай шакли вирусро доранд, ки ба доруҳои асосӣ – ингибиторҳои транскриптазаи баръакси нуклеозидӣ муқовимат нишон медиҳад.
Ин нишондиҳанда назар ба дигар кишварҳо хеле баландтар аст:
Ӯзбекистон – 2,8%;
Озарбойҷон – 4,2%;
Русия – 4,5%;
Арманистон – 9,2%;
Беларус – 13,9%.
Сатҳи муқовимати ВНМО дар Тоҷикистон аз ҳадди 10%, ки Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (ТҶТ) онро нишондиҳандаи зарурати чораҳои фаврӣ мешуморад, зиёд мебошад.
Вазъ бо сафедаи капсидӣ тамоман дигар аст – сохтори он наметавонад ба таври куллӣ тағйир ёбад, бидуни он ки қобилияти зинда мондани вирус аз даст равад. Агар вирус кӯшиши тағйир додани ин минтақа барои муҳофизат аз доруро кунад, он ногузир ба худ зарар мерасонад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, мутатсияҳое, ки вирусро ба Ленакапавир муқовиматнок мекунанд, қобилияти афзоиши ВНМО-ро то 0,03-28% аз меъёр паст мекунанд. Ба ибораи дигар, агар вирус дар як муддати муайян 1000 нусха тавлид кунад, пас вируси мутант ҳамагӣ аз 3 то 280 нусха тавлид хоҳад кард – ин коҳиши фалокатбори қобилияти ҳаётии вирус мебошад.
Ленакапавир бар зидди тамоми зергурӯҳҳои асосии ВНМО-1 самаранок аст, аз ҷумла бар зидди шакли рекомбинантии CRF63_02A1, ки дар Тоҷикистон 59% тамоми ҳолатҳои сирояти ВНМО-ро ташкил медиҳад. Самаранокии Ленакапавир бо як қатор озмоишҳои клиникии бузург тасдиқ шудааст.
Дар тадқиқоти CAPELLA, ки бо иштироки беморони дорои мутантҳои бисёрмуқовимат гузаронида шуд, ин дору дар 88% беморон ҳамагӣ пас аз 15 рӯзи табобат сарбории вирусиро коҳиш дод (бар зидди 17% дар гурӯҳи пласебо).
Баъд аз як соли табобат, 83–86% беморон ба сатҳи ғайримуқарраршавандаи вирус дар хун расиданд.
Барои пешгирии сирояти ВНМО Ленакапавир натиҷаҳои боз ҳам таъсирбахш нишон дод.
Дар тадқиқоти PURPOSE 1, ки бо иштироки 5000 зани ҷавон дар Африқо гузаронида шуд, ҳеҷ як ҳолати сироятёбӣ дар гурӯҳи гирандаи Ленакапавир сабт нашуд. Дар ҳамин ҳол, дар гурӯҳҳои назоратӣ 55 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар тадқиқоти PURPOSE 2 бо иштироки 3265 мард ва шахсони трансгендер, самаранокӣ 99,9% буд – сироят ҳамагӣ дар 2 нафар ба қайд гирифта шуд.
Нархи баланди беасос
Ленакапавир – доруи шакли инъексиявӣ мебошад, ки ҳамагӣ як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад, дар ҳоле ки доруҳои шакли ҳаб (таблетка) бояд ҳар рӯз қабул шаванд. Ин тарзи истифода метавонад наҷотбахш гардад, масалан, барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия.
Русия то ҳол яке аз 19 кишвари ҷаҳон аст, ки сирояти ВНМО асоси расмӣ барои депортатсияи муҳоҷирон ба ҳисоб меравад. Ин қонун мардумро водор месозад, ки дар тарси доимӣ зиндагӣ кунанд: бо эҳтимоли ихроҷ рӯбарӯ шуда, онҳо маҷбуранд ташхиси худро пинҳон намоянд ва барои гирифтани дорувории ҳаётан муҳим ба марказҳои зидди СПИД муроҷиат накунанд.
Аммо ин дору барои аксари одамон дастнорас боқӣ мемонад, зеро нархи он ниҳоят баланд аст. Ширкати истеҳсолкунанда Gilead арзиши як курси солонаи Ленакапавирро дар ҳудуди $25 395 – $44 819 муқаррар намудааст.
Барои муқоиса: дигар доруҳои муосири пешгирии ВНМО ҳамагӣ 600-700 евро дар як сол арзиш доранд, ки даҳҳо маротиба арзонтар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳисобҳои фармакологҳо нишон медиҳанд, ки агар истеҳсол ба таври оммавӣ барои 10 миллион бемор роҳандозӣ гардад, арзиши аслии солонаи доруи инъексиявӣ метавонад то $41 поён равад.
Таъсирҳои манфӣ
Мисли ҳар як доруи дигар, Ленакапавир низ таъсирҳои манфӣ дорад.
Маъмултарин таъсирҳо – реаксияҳо дар ҷои сӯзандору мебошанд, ки дар 65-68% беморон мушоҳида мешаванд. Пас аз инъексия метавонанд варамҳои хурд зери пӯст, сурхшавӣ, дард ва сахтшавии маҳалли тазриқ пайдо шаванд. Ин реаксияҳо одатан миёнаҳол буда, дар тӯли чанд рӯз худ аз худ аз байн мераванд.
Гиреҳакҳои зери пӯст метавонанд то чанд ҳафта боқӣ монанд, вале тадриҷан ҷаббида мешаванд.
Гарчанде реаксияҳои маҳаллӣ зиёд ба назар мерасанд, камтар аз 1% беморон бинобар онҳо табобатро қатъ мекунанд, ки ин далели хуб таҳаммулшавии дору мебошад.
Таъсирҳои системавӣ (ба тамоми организм) хеле кам рух медиҳанд. Дар озмоишҳои клиникӣ бештар чунин ҳолатҳо сабт шуданд:
Дилбеҳузурӣ – 4%;
Дарди сар – 3-4%;
Ихтилоли ҳозима – 3%.
Таъсирҳои ҷиддии номатлуб кам ба қайд гирифта шуданд ва одатан бо бемориҳои дигари бемор марбут буданд, на бо худи дору.
Ленакапавир метавонад то 12 моҳ пас аз охирин инъексия дар хун муайян гардад. Ин ҳолат ҳангоми таъйини дигар доруҳо аҳамияти зиёд дорад, зеро Ленакапавир дар ҷигар коркард мешавад ва метавонад то 9 моҳ пас аз тазриқ бо дигар доруҳо ҳамтаъсир намояд.
Истифодаи Ленакапавир якҷо бо баъзе доруҳои зиддисилӣ (рифампицин), доруҳои зидди эпилепсия (карбамазепин) ва гиёҳдоруҳои дорои чойкаҳак (зверобой) манъ аст, зеро онҳо метавонанд самаранокии Ленакапавирро кам кунанд.
Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи муаллиф, Навруз Каримов, вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.
Тарҷума мутобиқгардонида аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо