fbpx

Дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар Душанбе

Дар доираи синамоҷашнвора баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.


0
Акс: АМИТ "Ховар"

Аз 15 то 20-уми октябри соли равон дар Душанбе дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардад. Он таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” гузаронида мешавад.

“Мақсади асосии синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи синамо ва тақвияти ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар дар арсаи байналмилалӣ мебошад”,- гуфтанд дар “Тоҷикфилм”.

Дар назар аст, ки ба ин ҷашнвора беш аз 100 меҳмон аз кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо даъват карда шаванд.

Дар доираи синамоҷашнвораи мазкур баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда буд. Дар он намояндагон аз кишварҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.

Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунариро филми “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саид ба даст оварда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend