Муҳаммадалӣ Содиқови 6-сола мустақилона хӯрок омода мекунад ва тарзи пухтанашро ба дигарон низ меомӯзонад. Қаҳрамони хурдакаки мо дар “Instagram” саҳифаи худро дорад. Ӯ дар наворҳо тарзи тайёр кардани хӯрокҳои миллии тоҷикиро ба корбарон бо лаҳни ширини кӯдакона нишон медиҳад.
Саҳифаи ин фуд-блогери хурдсоли Тоҷикистон бо кӯмаки аҳли оилааш фаъолона пеш меравад ва аллакай дар байни дӯстдорони таомҳои миллӣ маҳбубият пайдо кардааст.
Нилуфар Турсунова – модари Муҳаммадалӣ дар суҳбат бо муаллифи Your.tj аз истеъдоди ошпазии писараш, лаҳзаҳои ҷолиби сабти наворҳо ва аҳамияти муносибати дуруст бо кӯдак нақл кард.
Аз бозии кӯдакона то ҳунари ошпазӣ
Модари Муҳаммадалӣ мегӯяд, ки ҳанӯз аз 2-солагӣ таваҷҷуҳи ӯ ба ошпазӣ маълум буд. Баъди дидани шавқи писарак, ӯро ташвиқ карданд, ки худро дар ин самт бисанҷад. Муҳаммадалӣ аз худаш бузургтар ду хоҳар дорад, онҳо низ ба пухтупаз шавқ доранд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Барои қувват гирифтан ва солимии бадани фарзандонам аз хурдсолиашон як роҳи осон ва шавқовари машқро пеш гирифта будам. Ҳар рӯз баъд аз субҳона камтар хамир омода мекардам ва ба ҳар сеяшон ҷудо-ҷудо тақсим карда медодам ва мегуфтам ҳар кадоматон барои худатон питса омода намоед. Рости гап, Муҳаммадалӣ гарчанде он вақт ҳамагӣ дусола буд, вале нисбат ба хоҳаранош ба ин кор бештар майл дошт”,-мегӯяд модари Нилуфар.
Ба гуфтаи модараш, ҳоло Муҳаммадалӣ зиёда аз 20 намуди таом ва шириниҳои тоҷикиро омода карда метавонад. Ҳунари ӯ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мухлисони худро пайдо кардааст.
Ҳамзамон, чанд ширкати маҳаллӣ аллакай барои ҳамкорӣ ва дастгирии фаъолияти Муҳаммадалӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Аввали роҳи фуд-блогерӣ. Идея аз куҷо пайдо шуд?
“Вақте кӯдакон камтар бузург шуданд духтаронамро ба мактабу боғча фиристодам. Муҳаммадалӣ бошад, бештари вақт дар хона ҳамроҳи ман буд. Чун танҳо мемонд, зиқ мешуд ва вақти худро ба тамошои телефон сарф мекард”,- мегӯяд модар.
Ҳамин тавр, Муҳаммадалӣ дастёри модараш дар корҳои хона шуд. Қаҳрамони хурдакаки мо ҳоло мустақилона метавонад сабзавотро пӯст карда, реза намояд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Як рӯз ҳамроҳи Муҳаммадалӣ самбӯса омода кардем. Чанд лаҳзаи тайёр кардани хамири самбӯсаро ман навор гирифта ба гурӯҳи хешу таборон дар “WhatsApp” фиристодам. Бегоҳ, замоне ки ҳама сари дастархон ҷамъ омад, чандин назидиконамон занг зада ҳунари писарамро таъриф карданд. Ҳамон замон ба шавҳарам пешниҳод кардам, ки барои Муҳаммадалӣ дар “Instagram” саҳифа кушоем”,- нақл мекунад Нилуфар.
Баъд аз кушода саҳифа дар “Instagram” Муҳаммадалӣ дигар телефонро барои тамошои чизҳои нолозим сарф намекунад, мегӯяд модараш. Ҳоло навиштани дастурамали таомҳо ва омода кардани наворҳоро омӯхта истодааст. Ҳар рӯз бо шавқ таҷриба мекунад ва пайваста чизи наверо меомӯзад.
Наворҳои пухтупаз ва саҳнаҳои ҳаҷвомезе, ки бо иштироки ӯ омода мешаванд, дар блоги ӯ бисёриҳоро ба шавқ меорад. Ба гуфтаи модараш, офаридани муҳтаво барои онҳо мушкиле надорад.
“Аввал фикр мекунем, ки кадом намуди хӯрокро таҳия кунем. Бе ягон сенарияи қаблӣ сабт мекунем. Муҳаммадалӣ ҳар лаҳза ба нақш ворид шуда, бидуни тайёрӣ сухан мегӯяд. Забонфаҳмиаш хуб аст ва нисбат ба ҳамсолонаш вожаҳои бештар медонад. Дар рафти сабт бо шеваи кӯдакона ва маҳорати табиӣ диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад”,- мегӯяд модари Муҳаммадалӣ.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Дар оғоз ӯ танҳо дар назди камера менишасту бо ишораҳои модар кор мекард. Асбобҳои ошхонаро худ истифода намебурд. Бо гузашти вақт, раванди сабт мукаммалтар шуд. Ҳоло ин ошпази хурдсол бештар ба хӯрокҳои миллӣ таваҷҷуҳ дорад ва бо кӯмаки модар омодасозии онҳоро меомӯзад.
Қаҳрамони кӯчак бо ҳунарҳои калон
Модари Муҳаммадалӣ, ки дар самти сайёҳӣ фаъолият мекунад, мегӯяд, онҳо бо аҳли оила ба чандин кишвар сафар кардаанд. Ба назари ӯ, барои кӯдакон муҳимтар аз ҳама омӯзиши забонҳои хориҷист.
“Интихоби касбро ба худи фарзандонам вогузор мекунам. Онҳо бояд озодона роҳи худро пайдо кунанд”,- таъкид мекунад ӯ.
Муҳаммадалӣ на танҳо дар пухтупаз маҳорат дорад, балки ба расмкашӣ ва варзиш низ шавқи зиёд дорад.
Ӯ дар кӯдакистон соҳиби ифтихорномаҳои зиёд гашта, ҳамчунин дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ фаъолона иштирок мекунад.
Падари Муҳаммадалӣ мехоҳад, ки ӯ дар оянда ҳавонавард шавад, модараш бошад, орзуи духтур шудани фарзандашро дар дил мепарварад. Вале худи Муҳаммадалиро вақте мепурсанд, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳад, юбо лаҳни кӯдакона мегӯяд:
“Ман ҳоло хурд ҳастам, барои интихоби касб вақт дорам!”.
Ҳар кӯдак умеди як миллат аст
Нилуфар Турсунова, модари Муҳаммадалӣ бар ин назар аст, ки истифодаи телефон бояд бо меъёру мақсади равшан сурат гирад. Ӯ мегӯяд, дар оилаашон истифодаи асбобҳои электронӣ назорат мешавад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Телефонро танҳо вақте ба дасти писарам медиҳам, ки мақсади омӯзиш дошта бошад. Бештари вақт наворҳои омӯзишии забонӣ ва барномаҳои кӯдаконаро тамошо мекунад”,- шарҳ медиҳад модар.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз тавассути чунин наворҳо Муҳаммадалӣ тавонист забони русиро беҳтар фаҳмад ва суҳбат кунад. Илова бар ин, ӯ бо камераи телефон шиносоии ибтидоӣ пайдо карда, ҳатто кӯшиш мекунад, мустақилона сабти наворро ёд гирад.
“Мо кӯшиш мекунем, ки фарзандонамонро бо асрори техникаи муосир аз хурдӣ ошно намоем. Муҳим он аст, ки ҳар кор бо ҳадаф ва дар заминаи таълим ва рушд анҷом дода шавад. Зеро ҳар як кӯдак умеду ояндасози миллат аст”,- хулоса намуд модари Муҳаммадалӣ бо боварӣ.
С.У.