Дар пайи як ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвон панҷ узви як хонавода ба ҳалокат расиданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса 25-уми апрели соли равон рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи “Мерседес-бенс” Орзу Калтаеви 30-сола, сокини ноҳияи Ёвон “ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари қисмати рости роҳ сарозер шудааст”.
Дар пайи ин ҳодиса наздикони ронанда, аз ҷумла модараш зани 59-сола, ҳамсараш зани 27-сола, ду писари 2 ва 4 сола ва янгаи 52-солааш ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.