Дирӯз, 22-юми апрел, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Замин дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” бо ҷалби 60 нафар хонандагони мактабҳои панҷ деҳаи гирду атрофи мамнуъгоҳ чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.
Ҳадафи ин чорабинӣ, ки хонандагону омӯзгорон ва мутахассисони самти ҳифзи муҳити зистро ба ҳам овард, ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба масъалаҳои экологӣ, омӯзиши табиати ҷангал аз наздик ва бедор кардани ҳисси масъулиятшиносии хонандагон барои бо андеша истифода бурдани захираҳои табиӣ аст.
Аз шаҳри Душанбе ба чорабинӣ намояндаи Муассисаи давлатии “Ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” даъват гардида буд.
Экскурсия ва шиносоӣ бо табиати мамнуъгоҳ
Рӯзи Замин аз соли 1970 инҷониб дар саросари ҷаҳон 22-юми апрел зери шиоре ҷашн гирифта мешавад. Шиори соли 2025 “Қувваи мо – Сайёраи мо” интихоб шуд.
“Ҷиҳати хуби шиори имсола дар он мебошад, ки дар мамнуъгоҳ стансияи хурди офтобӣ фаъол аст. Хонандагон метавонанд дар бораи ҳифзи ҷангал ва ҳам бартарияти истифодаи энергияи офтоб дониши худро зиёд намоянд”,- гуфт Фаттоҳов Хурсанмурод намояндаи МД “Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда”.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти мамнуъгоҳ барои хонандагон ва омӯзгорон экскурсия ба осорхонаи мамнуъгоҳ ташкил карда шуд. Осорхона дар қисми идоравии мамнуъгоҳ ҷойгир аст.
Дар экскурсия хонандагон бо олами ҳайвоноту набототи мамнуъгоҳ шинос шуда, маълумоти бештар пайдо карданд.
“Хеле шод шудам, зеро шавқмандии хонандагон нисбат ба олами ҳайвоноту набототи мамнуъгоҳ бештар шудааст. Соли гузашта онҳо дар вақти экскурсия хомӯшона гӯш мекарданд. Аммо имсол пайдарпай саволҳо доданд. Баъзе навъи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ба деҳаҳо наздик мераванд ва маълум аст, ки хонандагон онҳоро дидаанд, аммо дар бораи муҳимияти онҳо намедонанд.
Дар вақти шарҳи навъи ҳайвонот хонандагон худашон мегуфтанд, ки ин навъ ба деҳаи мо дар фасли зимистон омада буд. Ин гуна экскурсияҳо кӯмак мекунанд, ки онҳо муҳимияти ҳифзи ҳайвоноти мамнуъгоҳро фаҳманд ва бо ин роҳ мо тавонем зарари манфиро ба мамнуъгоҳ коҳиш диҳем”,- шарҳ дод, мудири осорхонаи мамнуъгоҳ Муффараҳов Ҷалолиддин.
Ҷамъбасти озмуни ва интихоби беҳтаринҳо
Дар рӯзи чорабинӣ озмуни “Қаҳрамонҳои муҳити зист”, ки як моҳ пеш дар байни панҷ муассисаи таълимии гирду атрофи мамнуъгоҳ эълон гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.
Озмун аз рӯи чор номинатсия: “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи деворӣ”, “Макетҳои экологӣ” ва “Саҳначаи экологӣ” эълон гардида буд. Дар рӯзи чорабинӣ хонандагон тамоми корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуда дар охир ғолибон бо тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Озмуни “Саҳначаи экологӣ” аз ҷонибӣ ҳакамон хеле баҳои баланд гирифт, зеро ҳар як мактаб бо мазмуни нав саҳнаро ба намоиш гузоштанд. Хонандагони муассисаи таълимии №10 деҳаи Лабидарё, бо нишон додани саҳна бо мазмуни зарари инсон ба табиат, ки сарчашмаи зиндагии инсон аст ва шикори ҳайвонот дар мамнуъгоҳ соҳиби ҷои аввал гаштанд.
“Соли дуюм аст, ки мо дар мамнуъгоҳ Рӯзи Заминро ҷашн мегирем. Хонандагони фаъол хеле зиёданд. Интихоби беҳтаринҳо дар озмун мушкил буд, зеро маводҳои зиёд пешниҳод шуданд. Диққати моро махсусан як тасвир ба худ ҷалб кард.
Яке аз хонандагон барои иштирок дар озмун чор варақи сафеди куҳнаи истифодашударо ба ҳам часпонида расм кашидааст. Тасвири ӯ аз рангҳо пур набуд, аммо зебо ва мазмундор буд”,– гуфт сармутахассиси мамнуъгоҳ Бегжиков Даврон.
Таваҷҷуҳи ҷавонон ба муҳити зист муҳим аст
Дар идомаи намоиши корҳои эҷодии хонандагон, аз ҷониби “Маркази экологи ҷавонон”-и шаҳри Душанбе дар байни хонандагон бозӣ ва викторинаҳои экологӣ гузаронида шуд.
“Дониши географӣ ва экологиашон хеле хуб аст. Гарчанде забони муоширатии онҳо узбекӣ аст ва моро бо мушкили мефаҳмиданд, аммо ба тамоми саволҳое, ки мо як моҳ тайёр кардем, ҷавоб доданд. Бо дидани онҳо ба фикр задам, ки чи қадар кӯшиш мекунанд, мехонанд, аммо имкониятҳо барояшон маҳдуд аст”,- нақл кард корманди марказ, Хушнуда Илолова.
“Маркази экологии ҷавонон” бо мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” дар самти таҳсилоти экологӣ миёни аҳолии сокини атрофи мамнуъгоҳ ҳамкории зич дорад. Соли дуюм аст, ки мамнуъгоҳ дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот Рӯзи Заминро ҷашн мегиранд.
Юрий Скочилов, роҳбари ин ташкилот қайд кард, ки баргузории ин чорабинӣ ба хонандагон имкон дод, дастовардҳо ва корҳои эҷодиашонро ба намоиш гузошта, сатҳи донишҳои худро такмил диҳанд. Ин боис мегардад, ки минбаъд иштироки ҷавонон дар фаъолияти экологӣ ва ҳифзи экосистемаи атрофи мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” бештар гардад.
Нозанини Исмадшоҳ, барои Your.tj