fbpx

Аз Душанбеву Хуҷанд ба Иссиқкӯл хатсайрҳои нав боз мешаванд

Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон мехоҳанд, шумораи парвозҳоро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳри Бишкек зиёд кунанд.


0
Акс аз навори нахустин парвози хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанбе

Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд ду парвози нав байни ду кишвар боз кунанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин масъала 15-уми апрел зимни мулоқоти Ҳабибулло Назарзода ва Дониёр Бостонов роҳбарони агентиҳои ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст.

Акс: АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, парвозҳои нав аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ба самти Иссиқкӯли Қирғизистон ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо мехоҳанд шумораи парвозҳоро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳри Бишкек зиёд кунанд.

Манбаъ менависад, зимни мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амнияти парвозҳо ва амнияти ҳавонавардӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи ҳавонавардии шаҳрвандӣ низ баррасӣ шуданд.

“Пас аз мулоқот, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи ҳавонавардии шаҳрвандӣ, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум ба имзо расид”,- менависад АМИТ “Ховар”.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Сомон-Эйр” 14-уми март пас аз чор сол қатъи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аввалин парвози ҳавоиро дар самти Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом дод.

Пас аз он, 16-уми март ширкати “Asman Airlines”-и Қирғизистон аввалин хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Бишкек-Хуҷанд-Бишкек анҷом дод.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend