fbpx

Роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба кори рӯзноманигорӣ


0

Хабарнигорони таҳқиқотгар ба раванди кор, яъне дар ҷамъоварии далелҳо, ҳикояҳо ва назарҳо шаҳрвандонро ҷалб мекунанд ва ҳатто тамоми ҷараёнро шаффофу боз нигоҳ медоранд

Хабарнигорони таҳқиқотгар одатан рафти корашонро махфӣ нигоҳ медоранд, аммо бисёре аз мушкилоти мубрами ҷаҳонро дар асл бо домон пӯшида намешавад, яъне ҷомеа ҳар рӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин аст, ки хабарнигорони таҳқиқотгар ба раванди кор, яъне дар ҷамъоварии далелҳо, ҳикояҳо ва назарҳо метавонанд ҳамчунин шаҳрвандонро ҷалб кунанд ва бо ин усул тамоми ҷараёнро шаффофу боз нигоҳ доранд.

Ин тарзи кор, ки хабарнигории мушорикотӣ (ҷалбкунанда) ном дорад, танҳо як усули тавсишаванда аст ва набояд ҳамчун дастурамали ҳатмӣ қабул карда шавад. Аз краудсорсинг (crowsourcing – гирдоварии иттилоот аз мардум) мешавад ҳам дар таҳияи матлабҳои хурд ва ҳам дар тарҳрезии маводи калонҳаҷм истифода бурд. Дар корбурди он шумо метавонед ҳам аз инструментҳои замонавӣ ва ҳам аз роҳҳои соддаву ба ҳама ошно истифода баред – масалан, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ метавонед варақа бо ин ё он дархост ё иттилоъ тақсим кунед. Имкониятҳои ҷалби мардум ба рафти таҳқиқот/дарёфти маълумот дар асл хеле зиёданд.

Дар матлаби мазкур роҳҳои даъвати мардум ба ҳамкорӣ/хабарнигории мушорикотӣ (аз марҳилаи тарҳрезии идея то амалисозии он) оварда шудаанд.

Интихоби мавзӯъ бо такя ба дарди мардум

Интихоби дурусти мавзӯъ яке аз бахшҳои муҳимтарини кор дар краудсорсинг аст, аммо дар хотир дошта бошед, ки ҳар мавзӯи пешомада наметавонад ба ин услуби хабарнигорӣ мувофиқат кунад. Дар ин тарзи кор идеяҳои беҳтаринро мешавад дар шарҳҳо ва маслиҳатҳое, ки дар форумҳо ё гурӯҳҳои гуногуни онлайнӣ навишта мешаванд, пайдо кард.

Аҳамият диҳед:

  • Мардумро ин шабу рӯз чӣ ба ҳаяҷон меоварад? Агар, маслан, ягон петитсия (муроҷитномаи кушода) нашр шуда бошад, ҷалби мардум ба раванди таҳқиқот одатан хеле осон мешавад. Вале агар мавзӯъ ба мардум ноошно бошад, масалан схемаи нави қаллобӣ бошаду одамон дар бораи он ҳоло огаҳии кофӣ надошта бошанд, ҷалби онҳо ба раванди таҳқиқот, албатта, душвор мегардад.
  • Суханони кадом фаъолони ҷомеъа таъсирбахштар аст? Бо активистон суҳбат кунед ва фаҳмед, ки ба кадом мушкили ҷомеъа онҳо ин шабу рӯз аҳамият медиҳанд.
  • Чӣ ба зиндагии одамон бевосита таъсир мерасонад? Шояд нарху навои гарон онҳоро ба ташвиш овардааст ё шароити ноодилона дар кор? Аҳамият диҳед, шояд ҳоло ҳавои ғуборолуд онҳоро дилгир мекунад?

Соли 2017 ман бо як ҳамкорам оид ба табъизи синнусолӣ дар ҷои кор маълумот ҷамъ мекардем. Вақте ӯ дар бораи таҷрибаи худ дар ин росто як лавҳа навишт, ҳазорон нафар бо мо дар тамос шуданд ва аз саргузашту мушкилоти худ ҳикоят карданд. Зиёда аз ин, пешниҳод шуд, ки дар рафти таҳқиқот бахусус ба шароити кор дар ширкати IBM аҳамият диҳем. Вақте мо ин мавзӯъро пайгирӣ кардем, маълум гашт, ки ишораҳои одамон беасос набудаанд.

Мушаххас кардани гурӯҳи манфиатдор

Кори шумо ҳамеша бояд аз таҳқиқ оғоз ёбад. Ҳатто агар шумо тамоми умр дар як ҷои муайян зиста бошеду он маконро хуб донед ҳам, кор доим аз таҳқиқ шурӯъ бояд шавад. Дар рафти омӯзиш ба маълумоти демографӣ аҳамият диҳед, аз ҷумла ба синну сол, нажод, ҷинс ва дигар иттилое, ки барои анҷоми дурусти таҳқиқ кумак мекунад. Агар ягон шаҳр ё маҳали дақиқ мавриди омӯзишатон қарор гирифта бошад, ҳатман ба харитаҳо низ назар кунед ва шакли тарҳрезии он ҷойро ҳам омӯзед. Ҳамчунин бо сокинони ин маҳал ҳамсуҳбат шавед. Масалан, пурсед, ки одамон пас аз кор одатан ба куҷо мераванд? Оё онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди TikTok, истифода мебаранд ё не? Кадом калимаҳо дар вуҷудашон эҳсоси нафратро бедор мекунанд ва чаро? Кадом мавзӯъ метавонад барояшон баҳсбарангез бошад? Ба гузоришҳо ё таваҷҷӯҳи расонаҳо қаблан чӣ гуна вокуниш нишон дода буданд?

Чун як лоиҳа наметавонад ва ҳатто набояд ҳамаро дар бар гирад, мушаххассозии гурӯҳи манфиатдор ҳатмист.

  • Дақиқан кӣ зарар дид? (Мисол: кормандоне, ки аз ҷониби IBM ихтисор шудаанд)
  • Дақиан кӣ масъул аст? (Мисол: баъзе шӯъбаҳо дар IBM)
  • Хисоротро кӣ ғайримустақим эҳсос мекунад? (Мисол: оилаҳои кормандони IBM; кормандоне, ки пас аз рафтани ҳамкоронашон доираи масъулияташон бештар мешавад; ҳуқуқшиносоне, ки кормандонро намояндагӣ мекунанд…)

Намунаи классикии мушаххассозии гурӯҳи манфиатдорро метавонед дар матлаби ҳамкоронам Адриана Галярдо, Нина Мартин ва гурӯҳи эҷодии онҳо, ки ба мавзӯи фавти модарон дар ИМА бахшида шуда буд, пайдо кунед. Ин таҳқиқотгарон дар оғози кор иттилоъ доштанд, ки дар соли 2016 ҳамагӣ 700-900 зан ҳангоми ба дунё овардани фарзандонашон вафот кардаанд, аммо сабаби ин қадар баланд будани сатҳи марг барояшон маълум набуд. Аз ин рӯ онҳо ҳар як ҳолати фавтро дар алоҳидагӣ таҳқиқ карданд. Зиёда аз ин, барои дарёфти маълумоти иловагӣ бо олимоне, ки бо арқому омор сару кор доранд, суҳбат карданд, бо момодояҳо ва дигар мутахассисони соҳа рӯ ба рӯ шуданд ва, албатта, ба дарди дили нафаронеро, ки модарони худро аз даст додаанд, гӯш доданд.

Дар ин лоиҳа гурӯҳи дигаре ҳам буд, ки озодона метавон онро ҷониби манфиатдор гуфт: заноне, ки қариб буд ҳангоми таваллуд мемурданд. Модароне, ки ин ҳодисаи мудҳишро паси сар карданд, омода буданд, қиссаи худро нақл кунанд ва ҳатто лоиҳаи мазкурро барои шиносоӣ ва огоҳӣ аз мушкил миёни дигарон паҳн кунанд. Вақте гурӯҳи эҷодӣ пас аз нашри матлаб реаксияи аудиторияро пайгирӣ кард, маълум шуд, ки мубоҳисаҳо сари мавзӯи таҳқиқ миёни занон дар гурӯҳҳои Фейсбукӣ, дар шабакаҳои дастгирӣ ва бахшҳои шарҳу маслиҳатҳои маҷаллаҳои занона зиёд шудаанд. Бисёре аз ин груӯҳҳо аз рӯи макони зист ташкил шуда буданд, ки барои таҳияи гузоришҳои наву алоҳида дар бораи ҳодисаҳои монанд дар штатҳо/шаҳрҳои дигар хеле муфид буд.

Пешниҳод ва тарҳрезии гузориш

Гирдоварии иттилоот аз мардум ҳанӯз таҳқиқоти комил нест. Ин усул танҳо вақте натиҷа медиҳад, ки онро бо дигар манбаъҳои далелҳо — ҳуҷҷатҳо, датасетҳо, мусоҳибаҳо бо коршиносон ва дигар инструментҳои журналистика — якҷоя намоед. Қабл аз он ки ҷомеъаро ба кори таҳқиқот ҷалб кунед, муайян созед, ки посухҳои онҳоро баъдан чӣ тавр мехоҳед истифода баред. Гипотезаи мавзӯъро муайян кунед ва ба худ суол диҳед, ки агар кор аз рӯйи нақша пеш равад, кадом сарлавҳа метавонад комилан проблемаро инъикос кунад? Ҳатман аз худ пурсед, ки маълумоти ҷамъовардашуда ба шакли ниҳоии матлаб чӣ таъсир метавонад дошта бошад? Оё барои тарҳрезии он воқеан ниёз ба посуху назари садҳо нафар ҳаст ё чанд мисол кофист? Дақиқан кадом навъи маълумот бояд ҷамъоварӣ шавад? Ҳадафҳо бояд пешакӣ муайян шаванд.

Ба ҳайси муҳаррири гурӯҳи краудсорсинг фикри ман ҳамеша банди як мушкил аст, ки “камбуди маълумот дар пушиши хабарӣ” ном дорад. Ин проблемаро мо доим ба як роҳ ҳал мекунем: бо ҷалби одамон ба таҳқиқ. Ҳангоми таҳқиқи кори платформаи таблиғотии шабакаи иҷтимоии Facebook мо аз ин усул фаровон истифода бурдем. Тавре маълум аст, ин платформа маълумоти шахсии корбаронро беибо истифода мебарад ва мувофиқи завқу шавқашон ба онҳо рекламаҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Ин шабака дар бораи корбаронаш қариб ҳама чизро медонад — нажод, ҷинс, маҳалли зист ва ғайра. Мо мехостем дурусттар тарзи кори платформаи мазкурро фаҳмем, аммо имкон надоштем, ки саҳифаҳои ҳамаи корбаронро омӯзем ва бинем, ки Facebook ба онҳо дақиқан кадом навъи рекламаро пешниҳод мекунад ва аз рӯйи кадом критерия ин ё он маҳсулотро ба онҳо тарғиб мекунад. Барои таҳқиқи амиқи мавзӯъ мо ниёз ба маълумоти бештар доштем, аз ин рӯ ба хонандагонамон муроҷиат кардем.  Ҳазорон нафар ба кӯмак розӣ шуданд ва инструменти иловагиеро, ки мо ба онҳо фиристодем, дар гаджетҳои худ насб карданд. Бо ин роҳ рекламаҳоеро, ки дар саҳифаҳояшон пайдо мешуданд, бе зикри маълумоти шахсиашон ба мо нусхабардорӣ карда, мефиристоданд. Бо ёрии ин гурӯҳи хонандагон мо тавонистем доираи маълумотеро ҷамъ оварем, ки ба танҳоӣ гирд овараданаш бароямон ғайриимкон мешуд.

Чанд огоҳӣ:

  • Чанд қиссаи алоҳида наметавонанд баёнгари комили вазъ бошад. Аз умумигуиҳо ба монанди “ҳама” ва “ҳамеша” парҳез кунед. Агар шумораи пурраи гурӯҳи мавриди назарро (масалан, 700-900 модаре, ки ҳангоми таваллуд фавтидаанд) дар даст надоред, шумо бо дили пур гуфта наметавонед, ки қиссаи ба ҳайси мисол овардаатон, то кадом андоза вазъро метавонад пурра нишон диҳад ё тафовутро қайд кунад.
  • Ба ҳуҷҷатҳое ниёз доред, ки санҷиданашон имконпазир аст. Аз ман одатан мепурсанд: “Аз куҷо медонед, ки мусоҳибатон рост гуфт ё не?” Посухам ҳамеша ин аст: “То насанҷам, албатта, намедонам”. Санҷиш – ҷамъоварии ҳуҷҷатҳое, ки далелҳо/назарҳои дар матлаб истифодашударо тасдиқ мекунанд (ҳисобномаҳо, маълумот аз платформаи таблиғотии Facebook, сабтҳои беморхона ва ғайра). Аксу видеоҳо ҳам ба қатори ҳуҷҷатҳои тасдиқӣ медароянд. Барои лоиҳаҳое, ки ба муҳити зист дахл доранд, ман инчунин аз абзорҳои санҷиши олудагии ҳафо ва абзорҳои дигари илми ҳамагонӣ фаровон истифода мебарам.
  • Ҷамъоварии иттилоот аз мардум (crowdsourcing) ва назарсанҷӣ (polling) як чиз нест. Ҷамъоварии назар ва ҷамъоварии саргузаштҳо/таҷрибаҳо як чиз нест, аз ин рӯ, ин ду мафҳумро омехта накунед.

Дархост

Вақте сухан дар бораи ҷалби мардум ва дархости кумак аз онҳо меравад, бояд дар бораи абзорҳои гуногун дарак дошта бошед. Масалан, аз инструментҳои пурсиши онлайнӣ, ботҳои паёмнавис, мактубҳои садоӣ, почта, замимаҳое, ки бо истифода аз рамзҳо паём мефиристанд, варақаҳои иттилоотӣ ва ғайра истифода баред. Аммо дар хотир дошта бошед, ки усули тамос ба гурӯҳҳои ҳадафманди шумо бояд мувофиқ бошад.

Новобаста аз он ки дархости шумо ба кадом шакл аст, бояд:

  • Худро муаррифӣ кунед ва ҳадафатонро ба онҳо шарҳ диҳед.
  • Фаҳмонед, ки маълумоти ҷамъшударо чӣ гуна мехоҳед истифода баред. Маълумот нашр мешавад ё не? Ба хабарнигорон ё шарикони дигар пешниҳод мешавад ё не?
  • Ба вақти одамон эҳтиром гузоред. Агар имкон бошад, варианти интихоби чанд посухро (multiple choice) барояшон диҳед.
  • Барои тамоси дубора тамоми маълумоти заруриро гиред. Бовар ҳосил кунед, ки имкони алоқаи такрорӣ бо мусоҳибон ҳаст.

Намунаҳои пурсишномаҳои ProPublica-ро аз назар гузаронед ва бо сохтори матнҳое, ки барои тарҳрезии дархост мувофиқанд, огаҳ шавед.

Санҷиши консепсия ва корбарони озмоишӣ

Вақте мавзӯи таҳқиқ муайян шуд, онро бо намояндагони гурӯҳҳои манфиатдор баррасӣ кунед – пеш аз паҳни оммавии матлаб/дархост онро аввал ба гурӯҳи хурд тақсим кунед. Ин амал ба шумо имкон медиҳад, ки хатоҳои ҷойдоштаро муайян карда, лаҳн/сохтори матнро ислоҳ кунед.

Мо, масалан, матни дархостҳои худро аввал ба чанд нафар ба шакли озмоиш нишон медиҳем ва бе шарҳу тафсири зиёдатӣ хоҳиш мекунем, ки дар ҳузури мо ин варақаҳоро пур кунанд. Истифода аз ин усул хусусан вақте зарурӣ мегардад, ки мавзӯи баррасишаванда ба гурӯҳҳои осебпазир рабт дошта бошад (чун онҳо эътимоди кам ба расонаҳо доранд, ислоҳи матн пеш аз оммависозии матн муҳим аст). Намунаи охирин: Мардуми бумӣ барои бозгардонидани бақияи муқаддасот ва ашёи суннатӣ ба қабилаҳои худ талош мекунанд.

Ҷалби чанд нафар барои озмоиш аз миёни гурӯҳҳои осебпазир ҳамчунин метавонад таъсири мусбати дигар ҳам дошта бошад: онҳо билохира “сафирони кори шумо” миёни гурӯҳҳои худ мешаванд ва лоиҳаи шуморо ба дигарон тавсия диҳанд.

Забонатонро мутобиқ гардонед

Лаҳни паём бояд ба гурӯҳи мавриди назар мутобиқ карда шавад. Ин аст, ки забони муроҷиат ҳам бояд фаҳмо бошад. Масалан, забони расмӣ на ба ҳама мувофиқ аст. Агар ба гурӯҳи ҳаҷвнигорон ба забони расмӣ муроҷиат кунед, шояд ҳайратзада шаванд, аммо низомиён ин лаҳнро хуб қабул мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки забони паём бояд ба забоне наздик карда шавад, ки барои ин ё он гурӯҳ табиист.

Ба ҷалби одамон эҷодкорона рафтор кунед!

  • Чорабиниҳо. Вохӯриҳои онлайнии муҳокимавӣ дар ZOOM ва дигар платформаҳо гузаронед.
  • Мактубҳо ва варақаҳои иттилоотӣ. Агар дар рафти таҳқиқот маълум шавад, ки гурӯҳи мавриди назари шумо ба интернет дастрасии кам дорад, бо онҳо тавассути хабарномаҳои чопӣ дар тамос шавед.
  • Дархостҳо/пурсишҳоро дар матлабҳои серхонанда ҷой диҳед. Матлабҳои журналистии нашршуда ҳам барои ҷалби таваҷҷӯҳи респондентҳои нав кӯмак мекунанд. Дар хотир дошта бошед, ҳар нафаре, ки матлаби шуморо то охир хонд, ҳатман дар дилаш хоҳиши назар додан/шарҳ навиштан пайдо мешавад, аз ин рӯ ҷой додани дархостҳо/пурсишҳои ба мавзӯъ наздик дар матлабҳои серхонанда метавонад натиҷаҳои хуб диҳад.
  • Журналистикаи хидматрасон (Service journalism). Ҳангоми таҳияи матлабҳои муҳим ҳамеша кушиш кунед, ки абзорҳои зарурӣ ҳам дар онҳо ҷой дода шаванд. Ин тарзи бархурд бо мавзӯъ ва аудитория таваҷҷӯҳ ва эътимоди хонандагонро ба кори шумо боло мебарад.. Роҳнамоҳо ва абзорҳои ҷустуҷӯи иттилоъ метавонанд намунаи беҳтарини ҷалби аудитория бошанд.
  • Шарикӣ. Баъзан мо дархостҳоямонро дар сомонаҳои редаксияҳои шарикон ҳам нашр мекунем. Баъдан маълумоти ҷамъомада ва идеяҳои навро ба онҳо ҳам медиҳем.
  • Тамос бо радиоӣ. Диджейҳо метавонанд пӯли хубе миёни ҷомеа ва журналистон бошанд.
  • Баргузории намоишҳои ҳунарӣ. Намунаи беҳтарин метавонад инсталятсияи мазкур бошад.
  • Изофатан мешавад дӯстон ва шиносҳоро аз ин ё он гурӯҳи манфиатдор хоҳиш кард, ки матлаб ё маводи шуморо миёни гурӯҳҳои худ паҳн кунанд, чунки эътимод ба онҳо дар ин гурғҳҳо бештар аст.

Пайгирии посухҳо ва идомаи кор бо иттилои ҷамъомада

Агар интихоби мавзӯъ муҳимтарин қисмати як таҳқиқоти краудсорсингӣ бошад, дар ҷойи дуюм аз руйи авлавият коркарди посухҳо меистад.

Барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар:

  • Журналистонро вазифадор кунед, ки рӯйихати сарчашмаҳои аллакай истифодашудаи иттилоъро созанд, то дар рафти таҳқиқот гаштаву баргашта ҳайати тими эҷодӣ ба одамоне, ки мусоҳиба доданд, бехабар дар тамос нашаванд. Ин усули имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иттилоъ буҳуда такроран безобита карда нашаванд ва эътимод ба касбияти тими эҷодӣ аз байн наравад.
  • Посухҳои ҷамъовардашударо аз рӯйи мавзӯъ, мундариҷа ва ҳолати омодагӣ гурӯҳбандӣ кунед. Агар таҳқиқотро тими калони журналистӣ пеш мебурда бошад, эҷоди тэгҳои мавзӯӣ ва вожаномаҳо имкон медиҳад, ки кор аз рӯйи як стандарт осон пеш равад.
  • Метррикаҳо ва таъсирнокии каналҳоро таҳлил кунед. Барои дарки он, ки матни дархост то кадом андоза серхонанда ва ё таъсирбахш шудааст, таҳлили метрикаи истинодҳо метавонад кумак кунад. Аммо агар фаҳмидан хоҳед, ки хонандаи шумо дақиқан тавассути кадом каналҳои тамос паёми оммавии шуморо хонд, пас ба линки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ рамзҳои пайгириро (tracking codes) илова кунед.
  • Ба маълумоти демографии иштирокчиёни пурсишҳо аҳамият диҳед. Дар вақти ҷамъ овардани посухҳо аҳамият диҳед, ки оё ҷавобҳо аз намояндагони гурӯҳҳои мавриди таваҷҷуҳ ба андозаи кофӣ меоянд ё не. Агар чунин нест, пас стратегияи ҷалби онҳоро тағйир диҳед.
  • Аз одамон пурсед, ки аз куҷо дар бораи дархости шумо фаҳмиданд. Одамон дар ин маворид на ҳамавақт, албатта, маълумоти саҳеҳ пешниҳод мекунанд, аммо дар ҳар сурат барои муайянсозии он, ки кадом усули равобит натиҷаи хубтар дод, ин пурсишҳо кумак мекунанд.

Коромӯзи мо, масалан, ҳуҷҷатеро барои пайгирии чунин маълумот  омода карда буд, ки мо то ҳол аз он ҳамчун намунаи беҳтарини робита бо аудитория истифода мебарем.

Бозгашт ба гурӯҳҳои маанфиатдор бо маълумоти нав

Гурӯҳҳои манфиатдорро ҳамеша дар ҷараёни кор гузоред. Агар таҳқиқот вақти зиёд гирад, дар ҳар сурат ба одамоне, ки ба рафти он ҷалб шуда буданд, ҳар замон маълумоти нав фиристода истед ва дар зарурат бо саволҳои иловагӣ ба наздашон баргардед.

Ҳамин ки мақола нашр шуд, ба иштирокчиёни таҳқиқот хабар диҳед! Мустақиман ба онҳо паём фиристед (намуна аз Reddit). Ё матлаби иловагӣ нашр кунед, ки ба онҳо равона шуда бошад. Масалан, роҳнамои ташхиси ҳомиладорӣ ё маслиҳатномаҳои модарони навзое, ки ман ҳангоми таҳқиқот ҳамчунин дар асоси суолҳои мусоҳибони худ омода кардам, метавонад намунаи хуб бошад.

Дар бораи формати робита ҳам ҳатман фикр кунед. Агар нашрияи шумо онлайнӣ бошаду гурӯҳҳои мавриди таваҷҷуҳатон ба интернет дастрасӣ надошта бошанд, пас шумо бояд роҳи дигар расонидани паёмро ба онҳо пайдо кунед. Масалан, вақте мо матлаби худро дар бораи шароити коргарони испанизабон дар фермаҳо омода кардем, мо на танҳо ба рафти кор тарҷумонро ҷалб кардем, балки барои ба онҳо фаҳмову дақиқ шудани мавзӯи таҳқиқот ҳамчунин силсилаи матлабҳои аудиоиро бо ин забон сабт кардем, варақаҳо бо испанӣ омода намудем, дар TikTok постҳо нашр кардем, дар радиоҳои маҳаллӣ бо забони испанӣ барномаҳои мубоҳисавӣ ташкил намудем, номаи муфассал бо тавзеҳи ҷараёни таҳқиқот ҳам навиштем.

Дар тамос бошед ва матлабҳои бештар омода кунед!

Беҳтарин чизе, ки хабарнигории мушорикотӣ медиҳад, ин имконияти бозгашти бемаҳдуд ба раванди таҳқиқ мебошад, чунки дар рафти омӯзиши як мавзӯъ одатан сад мавзӯи дигар пайдо мешавад. Одамоне, ки бо шумо дар ҷараёни кор аз оғоз буданду ба шумо эътимод пайдо карданд, хоҳу нохоҳ дубора бо шумо дар тамос мешаванду воқеъаву ҳодисаҳои навро қисса мекунанд.

Ариана Тобин, журналисти таҳқиқотгар дар самти технологияҳо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend