fbpx

Дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мегардад

Филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар якчанд давлати ҳавзаи масъули сафорат, аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайиланд намоиш дода мешаванд.


0

Имсол дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мешавад. Ин иқдом бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанг ва санъати миллати тоҷик амалӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қайд мегардад, ки ҳафтаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия гузаронида мешавад. Вале рӯзҳои дақиқи баргузории он гуфта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар якчанд давлати ҳавзаи масъули сафорат, аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайиланд бо зерматни англисӣ намоиш дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 7 октябри соли 2024 барои муаррифии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ филми «Рустам ва Сӯҳроб» дар китобхонаи ҷамъиятии Селангори Малайзия ба намоиш гузошта шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend