ПриДар як ҷаласаи Вазорати мудофиа дар доираи чорабиниҳои пеш аз даъватӣ Фирдавс Ҳаётзода, сарпрокурори нави ҳарбии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз роҳҳои ғайриқонунии даъват пешгирӣ карда шавад.
Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, дар ин ҷаласа инчунин Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазир ва ҳамзамон раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, Эмомалӣ Собирзод вазири мудофиа ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват иштирок доштанд.
“Дар рафти ҷаласаи мазкур Сарпрокурори ҳарбӣ… баромад намуда, оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиш додани сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба сифати даъвати шаҳрвандон, таклифу пешниҳоди мушаххасро ироа намуданд”,- менависад Вазорати мудофиа.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал фармони даъвати баҳориро имзо кард.
Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат дар сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд.