fbpx

Боздошти марде барои куштори зани собиқаш дар Русия

Сокини 41-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар куштори ҳамсари собиқи 32-солааш, сокини ноҳияи Варзоб дар ҳудуди Русия гумонбар мешавад.


0
Акси марбута

Як сокини 41-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони куштори ҳамсари собиқи 32-солааш дастгир шудааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ занро дар Русия куштааст.

Ба иттилои манбаъ, ин мард моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб никоҳи исломӣ анҷом дода, баъд аз се моҳи зиндагӣ аз якдигар ҷудо мешаванд.

3-юми феврали соли 2025, гумонбаршаванда бо мошинаш ба назди ҷойи кори ҷабрдида омада интизор шудааст. Ҷабрдида аз кор баромада ба такси савор шуда меравад.

Сипас мард аз паси такси рафта, онро боздошта, ҷабрдидаро маҷбуран аз такси фароварда ба автомашинаи худ савор кардааст.

“Баъдан байни гумонбаршаванда ва ҷабрдида аз ҳиссиёти рашк муноқишаи лафзӣ ба миён омада, гумонбаршаванда аз паҳлуи чапи дари автомашина дастаи оҳанинро гирифта, ҷабрдидаро лату кӯб намудаст. Дар натиҷа ҷабрдида ба ҳалокат расидааст”,- менависад ВКД.

Бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят гумонбаршаванда ҷасади ҷабрдидаро дар ҷангал пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ӯ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, ба ҳабс гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 104 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин банди қонун ӯро ҷазои аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend