Дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ субҳи имрӯз, 25 феврал тарма фаромада, як мошин зери он мондааст.
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ аз ин роҳ аст менависад, ки мусофирони он аз ҷониби кормандони ширкат наҷот дода шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, паҳноии ин тарма 60 метр ва баландиаш қариб 8 метр буда дар километри 78-уми роҳ фаромадааст. Ширкат менависад, тарма давоми 2 соат пурра бартараф карда мешавад.
“Теъдоди тармаҳое, ки имрӯз дар роҳи Душанбе – Чаноқ фаромаданд, ба 14 адад расид. Ҳоло бартарафсозии онҳо идома дошта, кормандони мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то зудтар ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид”,- хабар медиҳад IRS
Гуфта мешавад, то ҳол ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардидааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ба иттилои манбаъ, тарма дар километрҳои 67, 78, 73 ва 79-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромада, то ҳол тармаҳои дар километрҳои 67 ва 78-уми ин шоҳроҳ фаромада аз ҷониби кормандони ширкат бартаф карда шудааст.
“Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километри ва 73 ва 79-ум тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад”,-навиштааст ширкати IRS.