fbpx

Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳориро имзо кард

Тибқи ин фармон ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд.


0
Даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 19-уми феврал фармони даъвати баҳориро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2025 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат дар сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд.

Вазоратҳои мудофиа, тандурустӣ ва раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки раванди даъвати ҷавонон барои адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Неруҳои мусаллаҳро бо дарки масъулият ба роҳ монанд.

Дар Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад.

Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2025 – 56 ҳазору 250 сомонӣ) ва гузаштани тамрини якмоҳа дар қисмҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend