fbpx

Даромади блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2024 ба 2,5 миллион доллар расидааст

Аз ин маблағ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4,8 миллион сомонӣ (440 ҳазор доллар)-ро ташкил доданд.


0
Акси марбута аз eng.auburn.edu

Шумораи умумии блогерҳое, ки дар мақомоти андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дар аввали соли равон 114 нафарро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти кумитаи Андози кишвар, шумораи блогерони сабтиномшуда дар як соли охир 26 нафар афзудааст, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

Аз ҷумла, дар Кумита қайд карданд, ки 71 блогер ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар асоси шаҳодатнома ва 43 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ кор мекунанд.

Дар Кумитаи андоз гуфтанд, ки даромади умумии блогерҳо дар соли 2024 ба 27 миллион сомонӣ (тақрибан 2,5 миллион доллар) расидааст. Аз ин маблағ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4,8 миллион сомонӣ (440 ҳазор доллар)-ро ташкил доданд.

Кумита тасдиқ кард, ки шумораи блогерҳо дар ҷумҳурӣ дар асл хеле бештар аст, аммо дар муайян, сабти ном ва андозбандии чунин онҳо мушкилот вуҷуд дорад, зеро барои ин вақти зиёд лозим аст.

Дар Соли 2021 блогерҳо дар Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки аз даромади худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube, аз ҷумла аз даромади лотереяҳо ва бозиҳои бурднок андоз супоранд.

Тибқи қонунҳои андози кишвар, блогер, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома кор мекунад, аз рӯи системаи содакардашуда ба андозаи 6% аз даромади умумии худ андоз месупорад.

Блогере, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, 18% фоидаи худро, яъне пас аз тарҳ кардани хароҷот аз даромади бадастомада пардохт мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend