fbpx

“Барқи тоҷик” гуфт, агар назорат дуруст нашавад, эҳтимол моҳҳои март ва апрел норасоии барқ шадидтар шавад

Аммо сокинони кишвар шикоят мекунанд, ки реҷаи муайяншудани “лимит”-и барқ низ риоя намешавад.


1
1 point
Коллажи Your.tj

Маҳмадумар Асозода раиси ин ширкат дар нишасти хабарии 11-уми феврал гуфт, дар давраи тирамоҳу зимистон бо сабаби нотавозунии байни истеҳсол ва истифодабарӣ дар соатҳои муайян истифодабарӣ қатъ мегардад.

“Агар назорати дурусти истифодабарии нерӯи барқ маҳз вобаста ба тавозуни оби энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистон риоя нагардад, ин ба ҳолатҳое мерасонад, ки дар як муддати муайян, норасоии шадиди нерӯи барқ ба амал меояд”, – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Асозода назорат накардан, ё зиёд истифода кардан, ин ба ҳаҷми зиёди коркарди об мусоидат мекунад, ки “дар моҳҳои март ва апрел эҳтимол норасоии нерӯи барқ шадидтар шавад”.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Баҳси “лимит”-и барқ ва риоя нашудани реҷаи он дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 11-уми феврал садо дод. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, барқ аз соати 8 то 17 ва аз соати 22 то соати 5-и субҳ қатъ мегардад ва “дар соатҳои дигар мардум бо барқ таъмин ҳастанд”.

Аммо сокинони кишвар шикоят мекунанд, ки реҷаи муайяншудани “лимит”-и барқ низ риоя намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend