fbpx

Ҷавоне, ки ба муфтӣ ҳамла карда буд, 26 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки вобаста ба ин ҳодиса нисбати се нафар парванда боз шудааст.


0
Саидмукаррам Абудлқодирзода Акс: Your.tj

Ҷавоне, ки ба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо корд ҳамла карда буд, 26 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Муфтии Тоҷикистон 7-уми феврал дар намози ҷумъа дар хусуси ҳамлавар ҳарф зада, вале аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, хабар медиҳад “Азия-Плюс”.

“Дилам ба модараш месӯзад, бовар кунед, дирӯзу парер рӯз дар танҳоӣ чанд бор модари ҳамон кас ба ёдам омад, чанд бор гиристам, ки модари бечора чӣ кор мекунад. Ӯро гумроҳ карданд, вале модараш чӣ гуноҳ дорад? Аз модараш маслиҳат напурсида буд-ку. Вале он модар месӯзад”, – гуфтааст Абдуқодирзода.

Ёдовар мешавем, ки шоми 11-уми сентябри соли 2024 ҷавоне дар саҳни масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба Саидмукаррам Абдуқодирзода бо корд ҳамла кард, ки дар натиҷа муфтии кишвар захм бардошт.

Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки вобаста ба ин ҳодиса нисбати се нафар парванда боз шуда, ҳуввияти онҳо ошкор карда нашуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend