Як зани 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони куштори кӯдаки дусола аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст. Дар ин бора Вазораи корҳои дохилӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин кӯдак фарзанди зани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд будааст, ки соли 2024 бо зиндон шудааст. Гуфта мешавад, гумонбаршуда нигоҳубин ӯро ба уҳда доштааст.
Тавре ВКД менависад, боздоштшуда субҳи 8 октябри соли 2024 дар хонаи истиқоматиаш нисбати духтараки дусола, ки бемор ва таҳти муолиҷаи тиббӣ қарор доштааст, дидаву дониста “муносибати бераҳмона намуда”, ӯро бо дастонаш ба болои рахти хоби ҳуҷраи хобаш ҳавола медиҳад, ки дар натиҷа хурдсол ба шикам афтида, роҳи нафасаш қатъ гардида ба ҳалокат мерасад.
“Сипас гумонбаршаванда ҷинояти содиркардаашро пинҳон карда, ба мусоидати шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, гӯё кӯдаки хурдсол бо марги табиӣ вафот кардааст, дар оромгоҳ ба хок супоридааст”,- омадааст дар хабар.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин банди қонун ӯро ҷазои аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ин зан соли 2024 бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, хабар медиҳад ВКД.