fbpx

Дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, барфу борон меборад

7 феврал дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои устувор, бидуни боришот дар назар аст, вале аз рӯзи шанбе, 8 феврал, вазъ тағйир хоҳад ёфт.


0
©️ Идибеки Саид, Your.tj

Дар Тоҷикистон аз 7 то 10 феврал вазъи обуҳаво тағйир ёфта, ҳарорат паст мешавад ва боришот дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дод.

7 феврал дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои устувор, бидуни боришот дар назар аст, вале аз рӯзи шанбе, 8 феврал, вазъ тағйир хоҳад ёфт.

То 10 феврал дар бисёр минтақаҳо, хусусан дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ, боришот дар шакли борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Суръати шамол дар баъзе минтақаҳо то 18 м/с мерасад.

Ҳарорат дар водиҳо дар ин давра рӯзона аз +12+17 то +4+9 дараҷа гарм ва шабона то -2 дараҷа сард мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорати шабона то -7 ва поёнтар аз он мефарояд, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то -32 дараҷа сард мешавад.

Эҳтимоли яхбандӣ дар баландкӯҳҳо зиёд аст. Бинобар ин, нафароне, ки ҳаракат ба ин минтақаҳоро ба нақша гирифтаанд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Дар Душанбе 9 ва 10 феврал борон ва барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 4-9 м/с мевазад. Ҳарорат шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 6-8 гарм мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend