fbpx

Шоҳзода Раҳим Оғохони V – 50-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон. Ӯ кист

Шоҳзода Раҳим то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Бунёди рушди Оғохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин бунёдро ба уҳда дошт.


0

Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оғохони V, писари калонии Карим Оқохони IV, имоми 50-уми исмолиёни ҷаҳон эълон шуд. Дафтари имомати исмоилӣ 5-уми феврал навишт, ки Шоҳзода Раҳим бо васияти падараш роҳбари нави исмоилиён шуд.

Раҳим Оғохони V, писари калонии Карим Оғохони IV буда, 54 сол дорад ва 12 октябри соли 1971 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омадааст. Соҳиби 2 фарзанд аст.

Ӯ таҳсилоти миёнаро дар Академияи Филлипси шаҳри Андовери иёлати Массачусетс (1990) гирифта, риштаи адабиётшиносии муқоисавии Донишгоҳи Браун дар Род-Айленди ИМА-ро соли 1995 хатм кардааст.

Шоҳзода Раҳим то ин вақт роҳбарии Кумитаи муҳити зист ва иқлими Бунёди рушди Оғохон ва ҳамраисии кумитаҳои баррасии буҷети ин бунёдро ба уҳда доштааст.

Карим Оғохони IV шаби 4-уми феврал дар шаҳри Лиссабони Португалия дар синни 88 солагӣ вафот кард. Ӯ 68 сол роҳбари рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон буд, ки дар Тоҷикистон низ парвони зиёд дорад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ҳоло дар дунё пайравони исмоилия ҳудуди 15 миллион нафар мебошанд, ки асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон ва қисме дар Африқо зиндагӣ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend