fbpx

Шоҳзода Карим Оғохони IV дар 88-солагӣ даргузашт

Шаҳзода Карим Оғохони IV дар солҳои 90-ум мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз гуруснагӣ наҷот дода, кӯмакҳои ғизоӣ расондааст.


0

Шоҳзода Карим Оғохони IV шоми рӯзи гузашта, 4-уми феврал дар синни 88 солагӣ дар шаҳри Лиссабони Портулагия аз олам даргузашт. Ӯ 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон буд ва 68 сол дар курсии имоматӣ нишаст.

Дар Тоҷикистон низ яке аз бузургтарин ҷомеаи исмоилия зиндагӣ мекунанд.

Девони имомати исмоилӣ хабар додааст, ки рӯҳонии ояндаи онҳо аллакай таъин шудааст ва номи ӯ пас аз видоъ бо Оғохони 4 дар рӯзҳои наздик эълом мешавад.

Оғохони IV 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, даврони кӯдакияш дар Кения сипарӣ шудааст. Ӯ баъд аз вафоти бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1957 дар 20-солагӣ 49-умин пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.

Оғохони IV хатмкардаи риштаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард аст. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.
Шоҳзода Оқохони чорум соли 1967 Бунёди Рушди Оғохонро таъсис дод, ки то ҳол садҳо лоиҳаҳои гуногуни башардӯстонаро дар самтҳои мухталиф ва дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ӯ дар солҳои 90-ум мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз гуруснагӣ наҷот дода, кӯмакҳои ғизоӣ расонд.

Бори аввал бо пайравони худ дар Тоҷикистон 25-уми майи соли 1995 мулоқот кард. Аъзои ҷомеаи исмоилия барои аввалин бор имкони дидани имомро доштанд ва аз ҳамон сол ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Нур таҷлил мегардад.

Оғохони IV солҳои 1995, 1998, 2008 ва бори охир соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд. Аз соли 2000 дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро ташкил додааст.

Оғохони IV муассис ва сарпарасти чандин лоиҳаи хайрия мебошад, ки дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла дар давлатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд.

Шоҳзода Оғохони чорум соли 1967 Бунёди Рушди Оғохонро таъсис дод, ки то ҳол садҳо лоиҳаҳои гуногуни башардӯстонаро дар самтҳои мухталиф ва дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

Бунёди Рушди Оғохон (AKDN) бузургтарин шабакаи хусусии рушди иҷтимоӣ буда, дар доираи он муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф ва фарҳангӣ фаъолият мекунанд. Дар сохторҳои Бунёди Рушди Оғохон дар саросари ҷаҳон 80 ҳазор корманд ва 100 ҳазор ихтиёрӣ (волонтёр) кор мекунанд.

Ин бунёд новобаста ба миллат ё дини мардум ба онҳо кӯмак мерасонад ва дар 18 кишвар, асосан дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Африқои Шарқӣ ва Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолият дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend