fbpx

Омори ҳабсу ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ИМА

Давоми чор соли гузашта дар ИМА 103 шаҳрванди Тоҷикистон ҳабс ва 88 нафар ихроҷ шудааст.


0

ИМА давоми чор соли гузашта 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 103 нафарро ба ҳабс гирифтааст. Инчунин 88 нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ кардааст.

Дар ин бора Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА бо нашри як омор, ки рӯзи 19-уми декабр нашр гардидааст, хабар дод.

Омор давраи аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024-ро дар бар гирифта, дар бораи ҳабс, боздошт ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ дар Амрико маълумот медиҳад.

Ин ниҳод сабаби асосии ихроҷро “қонуншиканӣ” гуфтааст.

Соли равон ҳашт нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” (дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудааст) дар Амрико боздошт шуданд. Баъдан се нафари онҳо ба Тоҷикистон ва Русия ихроҷ шуданд.

Давоми 12 моҳи гузашта ИМА 270 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кардааст, ки дар чанд соли гузашта нишондоди баландтарин аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend