Як марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари 21-солааш дастгир шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ин мард бо ҳамсараш соли 2022 оила барпо карда, бо ӯ мунтазам муомиоти бераҳмона доштааст ва шаъну шарафашро паст мезадааст.
«Шаби 27 ба 28-уми ноябри соли 2024 дар манзили истиқоматиаш ӯро лату кӯб намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо мақсади худкушӣ маҳлули сиркоро истеъмол намудааст»,- менависад манбаъ.
Ба иттилои ВКД, тибқи хулосаи ташхиси суддӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида дар намудани заҳролудшавӣ бо маҳлули сирко, сӯзиши кимиёвии сурхруда, даҳон ва меъда, бинобар хавфнок буданаш ба ҳаёт ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста мешавад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи ин банди қонун гумонбарро ҷазо ба шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол интизор аст.