fbpx

Як зани ҷавон ба куштани писари ӯгаяш гумонбар аст

Мақомот дар натиҷаи тафтишот муайян кардаанд, ки Комронҷон Ниёзови 9-сола дар ҳуҷари хоби модарандараш бо роҳи бӯғӣ кардан кушта шудааст.


0
Акс: Намогирифт аз гузориши ВКД

Дар ноҳияи Зафаробод як ҷавонзани 28-сола бо гумони куштори писарандари ноболиғаш дастгир шудааст. Дар ин бора ВКД дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гузориш дод.

Гуфта мешавад, ҷасади ноболиғ Комронҷон Ниёзови 9-сола дар ҳуҷраи хоби манзили истиқоматиаш бо аломатҳои марги мачбурӣ ёфт шудааст.

Ҳодиса шаби 14 ба 15-уми ноябр дар ҷамоати Меҳнатободи ин ноҳия рух додааст. Мақомот муайян кардаанд, ки ӯ бо роҳи бӯғӣ кардан кушта шудааст.

“Модарандари ҷавон аз ҳиссиёти бадбинӣ ва кинаву адовати оилавӣ фарзанди ӯгаяшро, ки шаби ҳодиса барои ҳамроҳӣ кардан дар ҳуҷраи ӯ қарор дошт, ҳангоми хоб буданаш, гулӯяшро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда 2 сол пеш бо падари ин кӯдак оиладор шуда, аз 2 фарзанд доштани ӯ огоҳ буда ва тарбияи онҳоро ба уҳда гирифта будааст.

Назари худи гумонбар дар бораи ин ҳодиса гирифта нашудааст.

Барои муайян кардани сабаби куштор мақомот боз чанд фарзияро тафтиш хоҳанд кард.

Ҳоло нисбати ин ҷавонзан бо қисми 2 моддаи 104 (Одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend