fbpx

Аз ҳуқуқшиносӣ ба қаннодӣ. Дастурамалҳои ҷолиби духтари тоҷик дар Instagram

Маҳина круассанҳои ҳақиқӣ, торт, пирог ва ҳатто хоначаҳо аз кулчақанд омода мекунад.


1
1 point
Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Маҳина Набиева

Маҳина Набиева қанноди касбӣ бо маълумоти ҳуқуқшиносӣ мебошад, ки чанд сол боз саҳифаи Instagram-и худро пеш мебарад ва ба обуначиёнаш тарзи тайёр кардани торт, пирог, круассан (кулчақанди фаронсавӣ) ва ғайраро ёд медиҳад.

Дар давраи пандемия дар соли 2020, ӯ якчанд курсҳои онлайни қаннодиро хатм кард ва имрӯз онро худаш дигарон меомӯзонад.

Маҳина дар бораи блоги худ ва ҳунари қаннодӣ ба муаллифи Your.tj нақл кард.

Таҷрибаи даҳсола дар блогнависӣ

Маҳина ҳанӯз соли 2014 дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастурамалҳои гуногунро оид ба пухтупаз мубодила мекард. Он замон фарзанди дуюмаш нав таваллуд шуда буд ва Маҳина дар вақти фориғии худ дар яке аз гурӯҳҳои Facebook ҳар гуна маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои тайёркардаашро ҷойгир мекард.

Ҳоло ӯ ба туфайли худомӯзии доимиаш ва видеоҳои YouTube тарзу усулҳои гуногуни ҳунари пухтупазро аз худ кардааст.

Дар аввал вай барои оилаи худ торт ва пирогҳои гуногун тайёр мекард ва пас аз муддате ҳамчун фуд-блогер тадриҷан рушд кард.

Дар соли 2014 дар шабакаҳои иҷтимоӣ воситаҳо ва имкониятҳои зиёде барои пешниҳоди муҳтаво ба таври ҷолиб ва эҷокорона вуҷуд надоштанд, аз ин рӯ Маҳина дар Facebook танҳо акси хӯрок ё маҳсулоти нонии тайёркардаашро бо матни дастурамали он мегузошт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mahina|online курсы|рецепты|Душанбе📍 (@mimis_homecook)

“Он вақт мисли имрӯз формати рилс вуҷуд надошт ва сабти наворҳои кӯтоҳи якдақиқагӣ осон набуд.

Дар ёд дорам, боре кӯшиш кардам, ки наворе таҳия кунам, аммо хеле зиёд шуд ва тамошояш чандон қулай набуд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Дар соли 2018, як дугона Маҳина ба ӯ пешниҳод кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро кушояд ва дастурамалҳоро дар блоги шахсии худ ҷойгир кунад, на дар гурӯҳҳои Facebook.

Қаҳрамони мо ба маслиҳати дӯсташ гӯш дод ва ба пешбурди саҳифаҳои худ дар Instagram ва Facebook шурӯъ кард.

“Шаш моҳ пухтани круассанҳоро омӯхтам”

Маҳина Набиева соли 2020 дар давраи пандемияи COVID-19 ба қаннодии касбӣ шурӯъ кард. Ӯ дар хона нишаста, якчанд курсҳои гуногуни қаннодиро омӯхт.

“Курсҳои онлайнӣ барои ман имконияти хубе барои омӯзиш дар хона бо компютер буданд. Ҳамин тавр, аз соли 2020 қаннодии касбиро шурӯъ кардам”,- мегӯяд Маҳина.

Яке аз курсҳое, ки ӯ дар соли 2020 гирифт, курси тайёр кардани круассан буд. Тавре Маҳина мегӯяд, то он замони ба таври касбӣ омӯхтанаш ҳам круассан мепухт, аммо онҳо бештар ба кулчақандҳои оддӣ монанд мешуданд, на ба рамзи ошхонаи фаронсавӣ.

“Ҳар дафъае, ки кӯшиши пухтани круассанро мекардам, муваффақ намешудам. Баъди ёфтани курси онлайнии як қаннод аз Москва, худро ба дарсҳои ӯ номнавис кардам ва ба амалия шурӯъ кардам.

Ҳар рӯз круассан тайёр мекардам, то он даме, ки пухтани онро ба таври пурра ёд гирам. Барои ин 6 моҳ вақт сарф кардам”,- ба ёд меорад Маҳина.

Омӯзиш ва корҳои хонаро якҷо кардан барои Маҳина душвор буд, мегӯяд ӯ, аммо дастгирии ҳамсараш имкон дод, ки ҳама монеаҳо ва мушкилотро паси сар кунад.

Маҳина асосан рӯзона, вақте ки кӯдакон дар мактабанд, ё шабона пухтупаз мекунад.

“Шавҳарам маро хеле дастгирӣ кард. Вай мегуфт, ки агар коре ба ман маъқул бошад, бояд онро идома диҳам.

Ҳама таҷҳизоти ошхона – миксер, блендер ва ғайраро бо кӯмаки шавҳарам гирифтам, зеро чунин таҷҳизот хеле гарон аст.

Ҳамсарам мехоҳад, ки барои худам кор кунам, на барои касе, зеро ин барои ман душвор хоҳад буд ва онро бо корҳои хона якҷо карда наметавонам”,- гуфт ӯ.

“Пешбарии блог кори комили виртуалӣ аст

Пас аз он ки Маҳина блоги худро дар Instagram оғоз кард, бо бисёр блогерҳои дигари тоҷик, ки дар хусуси пухтупаз муҳтаво месозанд шинос шуд, ки баъзан ба ӯ дар бораи ба таври рушд додани блог маслиҳат медоданд.

“Дар аввал саҳифаамро на он қадар дуруст пеш мебурдам. Баъзан наворҳои аз мавзӯъ берунро мегузоштам, сториз мекардам ва ҳатто баъзан то як моҳ аз шабакаҳои иҷтимоӣ дур мешудам.

Як шиносам гуфт, ки ман дастурамалҳои хеле хуб дорам, аммо аз болои формати муҳтаво бояд каме кор бикунам”,- мегӯяд блогер.

Аз моҳи марти соли равон, ӯ ба рушди блог ҷиддӣ шурӯъ кард ва кӯшиш мекунад, ки ҳадди аққал дар як ҳафта ду рилси дастурамалҳо гузорад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mahina|online курсы|рецепты|Душанбе📍 (@mimis_homecook)

Маҳина ҳатто барои беҳтар кардани пешбурди муҳтаво курси инфиродии SMM-ро азхуд кард.

“Пешбарии блог кори комил аст. Гарчанде он виртуалӣ бошад ҳам, бояд аз болои муҳтаво кор кунед, наворҳои нав эҷод кунед, то ки тамошобинҳои бештарро ҷалб намоед”,- нақл мекунад Маҳина.

Ҳамаи видеоҳои худро ӯ худаш ба навор мегирад. Инчунин онҳоро мустақилона танзим мекунад ва раванди тайёр кардани хӯрокро нақл карда, садоҳо ва ғалоғулаи зиёдатиро тоза мекунад.

“Эҷоди рилс аз се марҳилаи мураккаб иборат аст ва осонтарини он вақти нашр кардан аст. Аз ҳама мушкил раванди сабт аст. Масалан, барои омода кардани навори дастурамал барои тайёр кардани шакли арча аз кулчақанд ба ман 4 рӯз лозим шуд ва илова бар ин як рӯз барои танзими навор сарф шуд.

Ҳар қадаре ки омода кардани хӯрок мураккабтар бошад, ҳамон қадар вақти бештар барои наворбардорӣ ва таҳияи видео сарф мешавад”,- нақл мекунад блогер.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mahina|online курсы|рецепты|Душанбе📍 (@mimis_homecook)

Маҳина дар як ҷо намеистад ва ҳунари қаннодиашро ба таври касбӣ рушд медиҳад. Ӯ омзиши курсҳои гуногунро идома медиҳад ва ҳоло барои худ таҷрибаи зиёде ҷамъ кардаааст, ки баъзеи онҳоро аз сабаби кам будани вақт истифода набурдааст.

Аз круассанҳо то шакли арча аз кулчақанд ва хоначаҳои кулчақандӣ

Маҳина зиёда аз 40 курси қаннодиро омӯхтааст.

“Омӯзиши курсҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Тайёр кардан аз рӯи 30-40 намуди дастурамалро ба таври ҳамешагӣ таҷриба бояд кард ва на ҳамеша ба ин вақт мерасад, саривақт иҷро кардан номумкин аст”,- мегӯяд ӯ.

Маҳина торт, пирог, круассан ва ҳатто хонаҳои кулчақандӣ тайёр мекунад. Ҳоло инчунин, ба гуфтаи қаннод, вай дар як сол як маротиба, агар фармоиш шавад, қаннодӣ мекунад.

“Гарчанде онҳоро пухта метавонам, ҳар сол курсҳои нави тарзи тайёр кардани хоначаҳои кулчақандиро мехарам.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mahina|online курсы|рецепты|Душанбе📍 (@mimis_homecook)

Дар қаннодӣ наметавонед танҳо бо як курси гузашта маҳдуд шавед. Масалан, ман ҳар се моҳ курсҳои қаннодиеро, ки ба ман писанд аст, мехарам.

Омӯзиши курсҳои онлайнӣ хеле қулай аст, зеро метавонед дарси видеоиро ҳангоми шустушӯ ё пухтупаз низ тамошо кунед”,- мегӯяд Маҳина.

Вай аксар вақт аз обуначиёнаш барои наворбардории ин ё он дастурамал дархост мегирад. Баъзан дар таърихи сториз пурсишҳо мегузаронад ва аз аудиторияи худ мепурсад, ки чиро ба навор гирад.

“Мардум хоҳиш мекунанд, ки курсҳои ҳузурӣ ташкил кунам”

Дар соли 2021, Маҳина курсҳои дурӯзаи ҳузурӣ оид ба қаннодӣ гузаронид, аммо азбаски ӯ барои дарсҳои минбаъда ҳуҷраи мувофиқ пайдо карда натавонист, маҷбур шуд, ки идеяи гузаронидани курсҳои рӯбарӯро ба таъхир гузорад.

Аммо, қаннод курсҳои онлайни худро дорад. Дар моҳи январи соли равон, вай як канали пулакии омӯзишии телеграммаро таъсис дод.

Ба гуфтаи Маҳина, дар айни замон ба якчанд духтар омӯзиш мегузаронад. Баъзе аз шогирдонаш ҳамватанони бурунмарзӣ мебошанд.

“Ман ба курсҳои ҳузурӣ талабгорони зиёд дорам, аммо то ҳол имкони дар хона гузаронидани онҳоро надорам, зеро ин хеле қувва ва вақти зиёдро талаб мекунад.

Агар ба чизе сар кунам, пас худро ба ин кор бештар мебахшам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамааш идеалӣ шавад, то шахс пухтупазро аз сифр омӯзад, аммо ҳоло имкон надорам, ки 5-6 соат касеро шахсан таълим диҳам”,- мегӯяд қаннод.

Бо вуҷуди ин, вай аллакай нақша дорад, ки дар ояндаи наздик курсҳои ҳузурӣ ташкил кунад ва ба ҳама хоҳишмандон таълим диҳад.

Ба Маҳина зуд-зуд фармоишҳо барои маҳсулоти нонӣ ё торт меоянд, аммо онҳоро хеле кам қабул мекунад, то ба худ сарбории зиёд накунад.

Ҳунари қаннодии Маҳина эҷоди муаллифӣ низ дорад. Ӯ аксар вақт 2-3 дастурамалро якҷоя карда, чизи навро ба вуҷуд меорад.

Ҳуқуқшиноси қаннод, ки математикаро медонад

Маҳина факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, панҷ сол ба ҳайси ассистенти ҳуқуқшинос кор кардааст, вале “ман”-и худро дар қаннодӣ пайдо кардааст.

Маҳина ҳанӯз дар синни наврасӣ ба пухтани маҳсулоти нонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ба гуфтаи ӯ, бибиаш энсиклопедияи калони пухтупаз дошт, ки аз он духтар дастурамалҳои гуногунро мегирифт.

“Бобои ман, ки академик буд, мегуфт, ки бештар ба таҳсил диққат додан лозим аст, на ба пухтупаз.

Дар синфи 11 ман бештари вақти худро бо китоб сарф мекардам, зеро дохил шудан ба факултети ҳуқуқшиносӣ хеле душвор буд”,- ба ёд меорад вай.

Дар соли дуюми донишгоҳ духтар оиладор шуд, дар соли панҷум фарзанди аввалини худро таваллуд кард.

Ба гуфтаи Маҳина, вай аз интихоби соҳаи ҳуқуқ каме пушаймон аст, зеро намедонист, ки дар оянда қаннод мешавад.

“Агар медонистам, ки ман ба қаннодӣ ин қадар дил мебандам, эҳтимол самти қаннод-технологро меомӯхтам. Аммо касби ҳуқуқшиносӣ низ ба ман хеле писанд омад”,- мегӯяд қаннод.

Дар ҳоле ки донишҳои ҳуқуқии донишгоҳии Маҳина дар касби ҳозираи ӯ чандон лозим нест, аз фанҳои мактабӣ ба ӯ бештар математика, аз ҷумла геометрия кӯмак мекунад.

“Фарз кардем, ба шумо торти вазни 2,5 кг фармоиш дода мешавад. Дар амал, зуд-зуд дучор мешавем, вақте қаннод ба ҷои 2,5 килограмми фармоишӣ 3 килограмм омода мекунад ва фармоишгар бояд барои 0,5 кг иловагӣ пардохт кунад.

Мизоҷон табиатан ин равишро дӯст намедоранд. Ман қарор додам, ки аз вазни зарурӣ берун намеравам. Агар муштарӣ торти 2 кг талаб кунад, ман дар вазн то 100 г хато мекунам, аммо на бештар аз он”,- шарҳ дод қаннод.

Маҳина се фарзанд дорад: ду писари 13 ва 9-сола ва як духтари 11-сола. Кӯдакон, мегӯяд ӯ, аксар вақт дар пухтупаз кӯмак мекунанд.

“Духтарам аллакай худаш пухта метавонад. Писари калониям низ ба пухтупаз муҳаббат дорад, ки давра ба давра зоҳир мешавад”,- гуфт қаҳрамони мо.

Тарҷума аз русӣ, матни аслиро дар ин ҷо хонед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend