Рӯзи 18 ноябр, 5 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, дар Русия бесарпаноҳ монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар дод.
Гуфта мешавад, ноболиғон тибқи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ба иттилои Сафорат, аз аввали соли ҷорӣ 54 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон ба назди пайвандони худ баргардонида шудаанд.