fbpx

Муҳлати ҳабси чор гумонбари асосии амали террористӣ дар “Крокус” дароз карда шуд

Ин бори аввал нест, ки муҳлати гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” тамдид мешавад.


0
Акс: moscowcourts

Муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон – гумонбарони асосӣ дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” бо қарори Суди Басманнийи шаҳри Москва се моҳ дароз карда шуд.

Дар он гуфта шудааст, ки нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан то 22 феврали соли 2025 дароз карда шавад, менависад хабаргузории ТАСС.

Ин бори аввал нест, ки муҳлати гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” тамдид мешавад.

Суди Басманнийи Москва рӯзи 16 август муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл”-ро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз карда буд.

Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Москва шоми рӯзи 22 март рух дода, бар асари он 145 нафар кушта шуда, зиёда аз 550 кас захм бардошта буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend