Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
11 ноябр, зимни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамоишро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурда, аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд, менависад Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
“Шиддат гирифтани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”,- изҳор дошт роҳбари давлат.
Таъкид гардид, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.
“Мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”,- гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози СММ ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои СММ оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.
“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба андешаи президенти Тоҷикистон, ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.
Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим арзёбӣ гардид.
Зарур шумурда шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кӯмакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.
Роҳбари давлат бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, ёдовар шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои ҳамоиши мазкур ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.