Аъзамҷон Шарипови 76-сола аз танӯрсозони маъруфи шаҳри Истаравшан аст. Қариб ним аср мешавад, ки ӯ ба сохтани танӯрҳои гуногунҳаҷм машғул буда, ба ин роҳ ризқу рӯзӣ меёбад.
Ӯ ба наздикӣ дар хонааш осорхонае боз кард, ки дар он зиёда аз 20 намуди танӯр, асбобҳои танӯрсозӣ ва ғайра гузошта шудааст. “Шертанӯр” – танӯри ғайриодии сохтаи Аъзамҷон мебошад, ки зоҳиран ба шер шабоҳат дорад.
Муаллифи Your.tj бо ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуда атрофи фаъолияти ва аз нақшаву ниятҳои ояндаи ӯ қисса кард.
Ду касби серҳаракат
Аъзамҷон Шарипов дар мактаби миёна аз фанни варзиш дарс медиҳад. Ҳамзамон қариб 50 сол мешавад, ки дар Истаравшан ҳунари қадимаи танӯрсозиро идома медиҳад.
Теъдоди танӯрҳои сохтаи ин марди ҳунар ҳудуди 15 ҳазорро убур кардааст. Мавсуф ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳоло ҳам танӯр месозаду тибқи фармоиш онро насб мекунад.
“Танурсозӣ барои ман касби меросист. Худамро мешиносам, ки падару бобоям бо ин пеша машғул буданд. Ман аз хурдӣ ба кори онҳо диққат дода, касби бобоиро аз худ кардаам. То хатми мактаби миёна ҳамроҳи падарам дар Истаравшан танӯр месохтем”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Соли 1967 Аъзамҷон бо хоҳиши падар ба шӯъбаи тарбияи ҷисмонии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Вале лаҳзаҳои фориғ аз дарс ба коргоҳи кулолии шаҳри Хуҷанд рафта, ҳунарашро сайқал медод.
Ба гуфтаи ӯ, донистани нозукиҳои ҳунари танӯрсозӣ барояш кӯмак кард, то кулолгариро низ азхуд намояд. Мавсуф дар муддати кӯтоҳ тавонист беҳтарин корманди ин коргоҳ гардад.
Қаҳрамони мо пас хатми омӯзишгоҳ ҳунари танӯрсозиашро идома дод. Инчунин муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёна шуд.
Аз “Шертанӯр” то танӯри чорметрӣ. Офаридаҳои ғайриодии усто Аъзам
Аъзамҷон Шарипов то имрӯз намудҳои зиёди танӯрро сохтааст. Маъмултарини он “Шертанӯр” ва танӯри чорметрӣ мебошад. Бино ба нақли ҳамсӯҳбати мо “Шертанӯр”-и сохтааш аз хоки ҳафт қадамҷойи бузургони шаҳри Хуҷанду Истаравшан гирифта шудааст. Дар ин танӯри ғайриодӣ ҳафт дона самбӯса пухтан мумкин аст.
“Ба сохтани ин танӯр ҳанӯз соли 2017 оғоз карда будам. Онро дар муддати ду сол ба итмом расонидам. Танӯри дигаре, ки калонтарин танӯр маҳсуб меёбад “Дӯстии халқҳои ҷаҳон” ном дорад.
Ин танӯр рамзӣ буда, дарозиаш чор метр мебошад. Он ҳанӯз пурра ба итмом нарасидаст, бо даст додани имкон дар рӯяш харитаи сиёсии ҷаҳон, парчами Тоҷикистон ва кишварҳои оламро тасвир менамоям”,- иброз дошт қаҳрамони мо.
Ба гуфтаи Аъзамҷон ин танӯри бузургҳаҷм алҳол дар “Қалъаи Муғ”-и шаҳри Истаравшан гузошта шудааст.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки танӯри “Дӯстии халқҳои ҷаҳон” сайёҳони ба Тоҷикистон омадаро шод месозад. Зеро ҳар сайёҳ албатта баробари вориди дигар кишвар шудан, ҷӯёи парчами хеш мегарданд.
Аъзамҷон Шарипов ғайр аз танӯрҳои рамзӣ ба мисоли “Шертанӯр”, “Дӯстии халқҳои ҷаҳон”, “Шалғамтанӯр”, “Ноктанӯр” ва “Тарбузтанӯр”, ҳамзамон танӯр барои пухтани нони бозор, фатиру кулча ва самбӯса омода мекунад.
Ба гуфтаи ӯ ин танӯрҳо аз ҳамдигар дар ҳаҷм, дарозӣ ва давраашон фарқ мекунанд. Маҳсули дастони ин ҳунармандро аз ноҳияҳои Зафаробод ва Шаҳристону Деваштич низ харидорӣ мекунанд.
“Таъсиси осорхона орзуи ҳар як ҳунарманд аст!”
Қаҳрамони мо охири соли гузашта дар хонааш осорхонае боз кард, ки дар он маҳсули дастони чандинсолааш гирд оварда шудаанд.
Ин осорхонаро “Чаманистони ҳунар” ном гузошта, дар он зиёда аз 20 намуди танӯр, асбобҳои танӯрсозӣ, ашёи хом, гунбаз, (бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров), танӯри ҳафт додарону хоҳарон ва ғайраро гирд овардааст. Назар ба гуфти усто таъсиси осорхона барои муарифии ин ҳунари қадимаи тоҷик хеле муфид аст.
“Будани чунин осорхона барои муаррифӣ, ҳифз ва эҳёи ҳунари қадимаи танӯрсозӣ мусоидат мекунад. Таъсиси осорхонаро ман солҳо орзу доштам. Мехостам дигарон низ аз навъҳои гуногуни танӯр, ки аз он танҳо ҳунармандон огоҳанд, бохабар бошанд. Фикр мекунам доштани осорхонаи ҳунарӣ орзуи ҳар як ҳунарманд аст”,-таъкид кард усто.
Аъзамҷон Шарипов мегӯяд, ба наздикӣ ин осорхонаи таъсисдодааш ба “Қалъаи Муғ”-и шаҳри Истаравшан кӯчонида мешавад. Ба гуфтаи ӯ дар ин мавзеъи таърихӣ раста ба ҳунармандони шаҳр дода мешавад.
Ҳамсӯҳбати мо таъкид дошт, ки ба он ҷо сайёҳон бештар ташриф меоранду имкони муаррифии ҳунар ба хориҷиён зиёдтар аст.
Аз ҳунарманди номӣ то “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”
Аъзамҷон Шарипов дар касби омӯзгорӣ низ муваффақ аст. Бештари шогирдоне, ки ӯ дар муассиса дарс медод, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ ғолиб омадаанд.
Назар ба гуфтаи ӯ бори нахуст шогирдонаш аз рӯйи намуди варзиши гимнастика дар шаҳри Истаравшан ғолиб омада, онро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ намояндагӣ кардаанд.
“Барои ин ва дигар хизматҳоям дар рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Истаравшан бо нишони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” қадрдонӣ шудам. Соли 1986 бошад бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардида, “Омӯзгори сол” эълон гардида будам”,- шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.
Усто Аъзам 76-солагӣ ҳам танӯр месозаду аз рӯйи фармоиши мизоҷон онро мешинонад. Дар мактаб бошад, фаъолияти пешинаи худро идома медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, солимиву тавонмандиро маҳз аз сохтани танӯр ва варзиши пайваста мегирад. Ӯ ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки бо варзиш машғул шаванду домони ҳунареро гиранд. Варзиш инсонро ҷисман ва ҳунар бошад рӯҳан боқувват месозад.
Абдуғаффор Шодиев