fbpx

Боздошти гумонбаре, ки тариқи терминали “Душанбе Сити” қаллобӣ мекард

Ӯ бо роҳи фиреб 2 ҳазор сомонии як шаҳрвандро гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.


0
Марде, ки ба қаллобӣ гумонбар мешавад
Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе Шодмон Каримови 36-сола бо гумони қаллобӣ нисбати шаҳрвандоне, ки тавассути терминали пардохти бонкии “Душанбе Сити” муомилот анҷом медоданд, боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Каримов бо роҳи қаллобӣ маблағҳои шаҳрвандонро азхуд кардааст.

“Номбурда ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии “Душанбе Сити” қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, айни замон, бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Милитсия аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки қурбонии фиреби ин нафар шудаанд, даъват менамояд, ки барои пешниҳоди далелҳо ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend