Диловар Юлдашев ҷавони 28-солаи тоҷик зинаи магистратураро дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Шанхай давом дода истодааст. Ҳамзамон, ӯ дар Чин таҷрибаи 6-солаи муаллими забони англисӣ ва роҳбаладӣ дорад. Вай чанде пеш барои таътилгузаронӣ ба зодгоҳаш – шаҳри Хуҷанд омад ва дар instagram бо номи @dilovar.english ба таҳияи наворҳои ҷолиби омӯзишӣ машғул шуд.
Махсусияти саҳифаи ҷавон дар ин аст, ки аксар дарсҳои кӯтоҳашро бо пӯшидани либоси миллӣ, махсусан, ҷомаву тоқӣ таҳия мекунад. Аз аксуламали мухотабонаш, ки ҷавонони ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ завқманд мебошанд, фаҳмидан мумкин, ки усули муҳтавоофарии Диловарро хуш пазируфтанд.
Муаллифи Your.tj бо Диловар Юлдашев дар бораи аввалин рӯзҳои таҳсилаш дар Чин, забономӯзӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва пеш бурдани кори блог суҳбат кард.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Сафари нахустин ба Чини бузург
Диловар Юлдашев дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи англисӣ таҳсил мекард. Ба шарофати он, ки забони англисиро хуб медонист, дар лоиҳаи “Enactus” иштирок кард. Маҳз тариқи ин лоиҳа имкон даст дод, ки ба кишвари Чин сафар кунад.
“Дар доираи сафари аввалин шаҳри Пекинро сайр карда, ба Чин ошиқ шудам. Дар дилам орзуи таҳсил дар Чин пайдо шуд. Аз ин хотир, ба омӯзиши забони чинӣ аҳамияти махсус додам. Дар баробари дарсҳои донишгоҳро аз худ кардан, чиниро низ меомӯхтам. Хушбахтона, дар айни вақт дарк кардам, ки таҳсил дар Чин ба шарте хуб аст, агар забондон бошед ва дарк кунед, ки дар он ҷо ҳаёт равиши дигар дорад”, – афзуд Диловар.
Роҳ ба сӯи орзу
Ба қаҳрамони мо пас аз як соли забономӯзӣ дар зодгоҳаш – шаҳри Хуҷанд муяссар шуд, ки тибқи барномаи “CSC CHINESE GOVERNMENT SCHOLARSHIP” соҳиби гранти омӯзишӣ шавад. Он имконият дод, ки дар давоми як сол дар шаҳри Шанхай бо идрорпулӣ ба миқдори 3 ҳазор юан, ки хароҷотро пурра мепӯшонад, ба таҳсил фаро гирифта шавад.
“Хушбахтона, орзуи таҳсил дар Чин амалӣ шуд. Нахуст, дар шаҳри Харбин машғули забономӯзӣ шудам. Пасон ба шаҳри Шанхай интиқол ёфта, зинаи магистриро дар ин ҷо идома додам.
Вақте аввалин бор ба шаҳри бузурги Шахай омадам, ин ҷоро ғайриоддӣ, ҳайратовар ва пур аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ дарёфтам. Пас аз як соли омӯзиш ба Хуҷанд баргашта, соли чоруми таҳсилро дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон адо кардам. Ҳамзамон, тасмим гирифтам, ки таҳсилро дар Чин давом диҳам, аз ин рӯ, ба имтиҳонот тайёрӣ дида, ҳуҷҷатҳоро барои дубора ба Чин рафтан омода кардам”,- нақл кард ҷавони забондон.
Диловар дар 3 соли таҳсил тавонист, ки ғайр аз таҳсил боз ба корҳои самаранок машғул шавад. Масалан, ҳамчун омӯзгори забони англисӣ, тарҷумон ва роҳбалад кор карда, сатҳи забони англисӣ ва чинии худро боло бурд.
Ӯ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ таҳсилро дар Донишгоҳи педадогии Шанхай идома дод. Ин бор бо кӯшиш ва сармояи худ таҳсилро давом дода истодааст. Бо он ҳадаф таҳсилро давом медиҳад, ки дараҷаи забони чиниашро беҳтар кунад.
“Барои омӯзиши забони чинӣ 2 сол сарф кардам. Албатта, ин ҳоло кам аст. Алҳол забони чиниро то сатҳи HSK 5 медонам. Дар ин сатҳ забономӯз имкон дорад, ки рӯзномаю маҷаллаҳои чиниро бихонад, барномаҳои телевизионӣ ва радиоии бо забони чинӣ пахшшавандаро дарк кунад ва дар назди мухотабон бо чинӣ ҳарф бизанад”,– фаҳмонид қаҳрамои мо.
Тарзи таҳсилу зиндагӣ дар Чин
Тавре Диловар нақл кард, дар Чин низоми таҳсил хуб аст. Ҳар донишҷӯ дар раванди таълим худро озод ҳис мекунад. Он ҷо донишҷӯ дарс, мавод ва китобҳоро мувофиқи хоҳиш интихоб мекунад, ки албатта, қадр мешавад. Муаллимон низ касбияти баланд дошта, серталаб мебошанд. Дарсҳоро бо усулҳои наву ҷолиб мегузаранд.
“Таъриху забони ин кишвар барои ман хеле писанд аст. Бовар мекунед, ки забони чинӣ яке аз қадимтарин ва душвортарин забонҳои ҷаҳон аст. Шаҳрҳои бузурги Чин тозаву озода аст. Аксари чиниён ҳам боодоб ва хушмуомила мебошанд. Аксарият машқи бадан мекунанд, ба тандурустии худ аҳамияти бештар медиҳанд. Ман низ ин хислати онҳоро омӯхтам, пайваста машқ мекунам. Пас аз адои таҳсил бо дӯстон ба сайри шомгоҳӣ мебароем.
Ҳолатҳое мешуд, ки дар вақти бо забони чинӣ сухан кардан ба хато роҳ медодам ва дар ин вақт боре ҳам ба муносибати дағалонаи соҳибзабонон дучор нашудаам. Баръакс, соҳибзабонон бо мулоимӣ хатои маро ислоҳ мекунанд”,– шарҳ дод ҷавон.
Як чизи муҳим дар офаридани муҳтаво
Диловар Юлдашев блоги @dilovar.english – ро дар Instagram ҳамагӣ 3 моҳ пеш таъсис дод. Аллакай, то имрӯз беш аз 21 ҳазор обуначии фаъолро ҷамъ кард. Чаро дар ин блог маҳз омӯзиши забони англисиро тарғиб мекунад? Ба бовари вай, талабот ба забони англисӣ дар миёни ҷавонони тоҷикӣ бештар будааст.
“Шахсан худам барои омӯзиши забони англисӣ 6 сол сарф кардам. Феълан онро то дараҷаи С2 медонам. Се сол пеш ҳам дар саҳифаи худ чанд муҳтаво таҳия кардам. Аммо диққати мухотабони зиёдеро ҷалб карда натавонистам. Ба ин хотир, тасмим гирифтам, ки бо формати видео кор кунам. Яъне муҳтавои таълимиро дар шакли наворҳои хурдҳаҷм ва ҳазлу шӯхидошта, ки ба аксар ҷавонон писанд аст, таҳия кунам.
Ростӣ, блогнависони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин тарз муҳатаво меофаранд. Мехостам, ки блогам бемонанд бошад. Фикр карда, ба қароре омадам, ки дар наворҳо либоси миллӣ, махсусан, ҷомаю тӯппӣ (тоқӣ) мепӯшам. Барои чӣ? Агар мухотаб дар навор яке аз унсурҳои либоси миллии тоҷикиро дар танам бубинад, пас ҳатман муҳтаво дар вуҷуди вай таъсири зиёдтар гузоша, эҳсосоти ифтихорангезро бедор мекунад”,- изҳор дошт блогер.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Диловар бар ин назар аст, ки муаллифи муҳтавои омӯзишӣ дар навбати аввал соҳаашро ба таври ҳирфаӣ бояд бидонад, дар навор бехато, фаҳмо ва таъсирнок сухан гуфта тавонад.
Ӯ бо муаллифони блогҳои омӯзишии @beha_en ва @zabonomuz, ки дар миёни корбарони ҷавони шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шудаанд, ҳамкорӣ карда, якчанд наворҳои ҷолиб таҳия кардааст.
“Ҳар нафаре, ки ба омӯзиши забон нав мепардозад, бо мушкилии талаффузу хониши овоз ва калимаҳои забони англисӣ дучор мешавад. Табиист, ки дар ин вазъ аз хашмгин шудан, инкор кардан, афсурдаҳол гардидан ва ниҳоят созишу қабул кардан ҷойи гурез нест. Ман ҳам замоне ин марҳилаҳоро пушти сар намудам, зеро сабр пеша карда, аз идомаи омӯзиш даст накашидам”,- иброз медорад қаҳрамони мо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Чаро боҳадаф будан муҳим аст?
Диловар дар замони мактабхонӣ завқу шавқи иштирок ба дарсҳои англисиро надошт. Намехост, ки азоб кашида, ин забонро ёд гирад. Рӯзе бародараш аз гиребонаш дошта гуфт, ки “туро ба курси забони англисӣ номнавис кардам, хоҳӣ ё нахоҳӣ, меравӣ, меомӯзӣ!”.
Ҳамин тариқ, омӯзиши забони англисиро аз синфи 10 оғоз кард. Ин буд, ки пас аз хатми дабистон таҳсилдро дар Донишкада бо забони англисӣ давом дод.
“Ба оилаам сипос мегӯям, зеро ба ман ҳамеша бовар доштанд. Мо ҳар вақт ба фикру назари дигарон, ки дар бораи ҳаёт, иқтидор ва нақшаҳои мост, гӯш медиҳем. Дар ин ҳолат чӣ хел ҳаёт ба сар бурдан имкон дорад ва оё дар гузаронидани он метавонем, нақше дошта бошем?
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Вақте ба яке аз шаҳрҳои бузургтарини дунё – Шанхай барои таҳсил рафтанӣ будам, бархе мегуфтанд: “Ин кор номумкин аст, барномаи интихобкардаат имкониятҳои кам дорад, боз пеш аз ту касе ба ин роҳ нарафтааст?”. Ба фикри онҳо ҳайрон мемондам. Ба саволи “барои чӣ кореро накунам, ки дигарон ҳоло накардаанд?” ҷавоб меҷустам. Аз муаллимон ва дӯстон машварат гирифтанӣ шавам, мегуфтанд, ки ба Чин рафтан ва ройгон таҳсил кардан номумкин аст. Тавре санҷидам, албатта, мумкин будааст”,- бо боварӣ гуфт Диловар.
Қаҳрамони мо ба хулосае омадааст, ки калимаи “ғайриимкон” дарҳои рушдро барои ҳамагон маҳкам мекунад. Аз афтода бархестан набояд ҳарос кард. Аз ин рӯ, ҳар рӯз ба нерӯ ва ва мақсадҳои худ бояд бовар кард.
Файзуллохон Обидов