fbpx

Қурбониёни зилзила дар Марокаш ба 3 ҳазор нафар наздик шуд

2562 нафари дигар ҷароҳат бардошта, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот бо кӯмаки гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ва хадамоти ҳолатҳои фавқулода аз кишварҳои мухталиф идома дорад.


0
Оқибатҳои заминларза дар Марокаш

Шумораи қурбониёни заминларзаи шадид дар Марокаш ба 2862 нафар расид, хабар медиҳад агентии хабарии Reuters бо такя ба гузориши расонаҳои давлатии ин кишвар.

Гуфта мешавад, 2562 нафари дигар ҷароҳат бардошта, ҳамчунин корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот бо кӯмаки гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ва хадамоти ҳолатҳои фавқулода аз кишварҳои мухталиф идома дорад.

Дар ҳамин ҳол эҳтимоли афзоиши ҳалокшудагон ва захмиён зиёд аст, зеро дар зери харобаҳои биноҳо одамон боқӣ мондаанд. Азбаски аксари минтақаи заминларза дар минтақаҳои дурдаст ҷойгир аст, мақомот дар бораи гумшудагон хабар намедиҳанд.

Сокинони деҳаҳо кӯшиш мекунанд, ки худашон корҳои бартарафсозии харобаҳоро идома диҳанд, зеро наҷотдиҳандагон ба онҳо расида наметавонанд. Мардум ҳалокшулагон ва маҷруҳонро аз зери харобаҳо берун оварда, ба онҳо кӯмак мекунанд.

Дар бархе аз манотиқи Марокаш қароргоҳҳои муваққатӣ сохта шудаанд.

Шаби 8-уми сентябр дар ин кишвар заминларза аз рӯи магнитудаи 6,8 дараҷа рух дод.

Дар натиҷаи офати табиӣ натанҳо биноҳои истиқоматӣ, балки як қатор объектҳои дорои аҳамияти маданию таърихӣ ҳам хароб ва ё зарар диданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend