fbpx

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Ӯ духтареро барои шорти варзишӣ пӯшиданаш ҳангоми давидан задааст.


0
Боздошти ҷавони тоҷик дар Москва
Намогирифт аз сабти навори суҳбат

Дар вилояти Москва як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ духтареро барои шорти варзишӣ пӯшиданаш ҳангоми давидан задааст. Ба андешаи ӯ, онҳо хеле кӯтоҳ будаанд.

Расонаҳои русӣ менависанд, ки

Фаинаи 21-сола субҳи 23 август дар боғи назди маҷмааи истиқоматии “Красногорский”-и Нахабино бо давидан машғул буд. Ҷавони сиёхпӯше аз дасти вай гирифту: “чаро ин хел либос мепӯшӣ?” гуфта, ба рӯяш зад. Ҷабрдида хост гурезад, аммо ҷавон ӯро таъқиб кард”.

Гуфта мешавад, раҳгузаре хостааст ба ҷавон фаҳмонад, ки духтар ба варзиш машғул шудааст. Аммо, ҷавон гуфтааст, “духтар варзишгар шуда наметавонад”. Шоҳидон сӯҳбатро ба навор гирифтаанд.

Ба иттилои ВКД Русия, алайҳи Шаҳзод Ҷӯрабоеви 20-сола, шаҳрванди Тоҷикистон барои авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Шаҳзод ба гуноҳаш иқрор шуда, шарҳ додааст, ки бо ин роҳ мехост духтарро “аз гуноҳ наҷот диҳад”.

Гуфта мешавад, ин ҷавон қаблан барои мушкилоти равониаш дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорат қарор доштааст. Аммо табибон баъдан хулоса кардаанд, ки ӯ барои ҷомеа хатар надорад. Шаҳзод ба Русия барои табобат рафта будааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend