fbpx

Қарзи берунаи Тоҷикистон ба $3,2 млрд. расидааст

Давоми шаш моҳи соли 2023 беш аз 121 миллион доллар кам шудааст.


0
Доллар
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ба ҳолати то 1-уми июли соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Давоми шаш моҳи соли 2023 беш аз 121 миллион доллар кам шудааст, гуфт вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми август.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2023 қарзи хориҷӣ тақрибан тағйир наёфтааст, вале соли оянда метавонад зиёд шавад, чун ҳукумат мехоҳад барои бунёди нерӯгоҳи Роғун маблағ бигирад.

Вазир ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон асосан аз Бонки содироту воридоти Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд қарздор аст.

Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend