fbpx

4 рӯзи роҳбандиҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд

Ин маҳдудиятҳо дар робита ба сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ мешаванд.


0
Маҳдудиятҳо дар роҳҳои вилояти Суғд

Аз 5 то 8-уми июл ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои баъзе шаҳру навоҳии вилояти Суғд маҳдуд мешавад. Ин маҳдудиятҳо дар робита ба сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ мешаванд. Сафари кории сарвари давлат аз водии Зарафшон оғоз мешавад.

Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилоят хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод:

  • 5-уми июл ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Айнӣ-Панҷакент, дар кӯчаҳои асосии ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, аз шаҳраки Суғдиён то деҳаи Филмандараи шаҳри Панҷакент маҳдуд мешавад.
  • 6-уми июл ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои асосии шаҳри Гулистон, аз шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Рифат Ҳоҷиев, 25-солагии Истиқлолият, Султон Умаров, Сирдарё то таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва аз чорроҳаи Ороми ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов то шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.
  • 7-уми июл дар кӯчаҳои асосии ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоатҳои Навбунёд, Палдорак, Оббурдон то деҳаи Мастчоҳ роҳҳо баста мешаванд.
  • 8-уми июл дар кӯчаҳои асосии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров, дар кӯчаҳои Гагарин, Бобоҷон Ғафуров то Маҳаллаи нави шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Солеҳ Раҷабов ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад..

Дар робита ба ин, Раёсати БДА-и вилоят аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми маҳдудияти ҳаракат аз роҳҳои алтернативӣ истифода кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend