fbpx

“Қонунгузории кишвар мушкилӣ дорад”. Нигаронӣ аз ҷазои сабуки таҷовузгарони тарбиятгирандагони ятимхона

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Таҷовузи духтари ноболиғ
Акси марбута аз avatars.mds

Баъзе ҷузъиёти сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон

Илҳом Алиев президенти бо сафари давлатӣ 5 апрел ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Дар доираи сафар ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Дар доираи он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон ва президенти Озарбойҷон
Акс аз president.tj

Сарони кишварҳо нахуст бо ҳамдигар вомехӯранд. Сипас ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор санадҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.

Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо сарони кишварҳо бо изҳороти муштарак барои ВАО суханронӣ мекунанд.

Шоми ҳамин рӯз Илҳом Алиев ба Озарбойҷон бармегардад.

Имрӯз дар остонаи сафари президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон, дар Душанбе форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон ба кор шурӯъ мекунад.

Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ,  дар соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки ба 0,1% аз ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот баробар аст.

Ҳудуди 95% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост меояд.

“Қаллобон метавонанд худро корманди расмӣ муаррифӣ кунанд”. Ҳушдори Маркази миллии тестӣ

Ба миёнаравҳо ё қаллобоне, ки бар ивази маблағи муайян ваъдаи дохил кардани довталабон ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои кишварро медиҳанд, бовар накунед. Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар ин бора ба аҳолӣ ҳушдор додааст.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон

ММТ аз довталабон ва волидони онҳо даъват мекунад, ки ба афроде, ки барои дохил шудан ба мактаби олӣ пешниҳоди кӯмак мекунанд, бовар накунанд.

Ба иттилои ин ниҳод аз эҳтимол дур нест, ки шахсони алоҳида кӯмаки худро барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ба маблағи муайян пешниҳод намоянд. Дар баробари ин онҳо метавонанд худро корманди ММТ муаррифӣ кунанд.

“Раванди имтиҳонҳои тестӣ бидуни дахолати беруна, шаффоф сурат гирифта, ба дониши довталабон баҳои холисона дода мешавад. Ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дахолати беруна ҳангоми гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ роҳ дода намешавад”,- менависад марказ.

Рӯзи 1 – уми март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии сабти номи довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд.

Тибқи иттилои ММТ, барои таъмини муътадили раванди бақайдгирӣ дар 44 шаҳру ноҳия 49 нуқтаи доимӣ ва 15 нуқтаи сайёр таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон соли 2013 бо мақсади ба роҳ мондани низоми баҳогузории беғаразона ва одилонаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ифтитоҳ шуда буд.

Ҳадафи дигари таъсиси ММТ аз байн бурдани фасод дар дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар буд.

Ҷавонзани 22-сола дар Душанбе ба қаллобӣ гумонбар аст. Ӯ беш аз 1 млн сомонӣ пул “кор кардааст”

Як сокини Душанбе беш аз як миллион сомонӣ “даромад” ба даст овардааст. Зани ҷавон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҷавонзане дар Душанбе ба қаллобӣ гумонбар аст
Акс аз интернет

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ҷавонзани 22 – солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки моҳи ноябри соли 2022 номбурда аз як сокини пойтахт ба маблағи тақрибан 285 ҳазор сомонӣ бо роҳи интиқоли бонкӣ гӯшти мурғ гирифтааст. Зан молро фурӯхта, як қисми маблағро баргардонидааст. Вале ҳудуди 115 ҳазор сомониро надодааст.

Ба иттилои ВКД, гумонбаршуда аз як сокини 69 – солаи пойтахт бо ваъдаи бо фоизаш баргардонидани пул 160 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале ҷабрдида натанҳо фоизи қарз, балки пулҳои худро ҳам нагирифтааст.

Бо вуҷуди ин, ҷабрдида бори дигар ба гумонбаршуда фурӯхтани амволи ғайриманқулро дар Душанбе ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бовар кардааст. Гумонбаршуда манзилро ба номи шахси сеюм сабт карда, ба маблағи 460 000 сомонӣ фурӯхта, бо мақсади шахсӣ истифода бурдааст.

Гумонбаршуда аз як ҷавонзани 27 – солаи сокини пойтахт 60,7 ҳазор сомонӣ “қарз” гирифта, инчунин ваъда додааст, ки қарзашро бо фоизаш бармегардонад. Вале ин корро ӯ иҷро накардааст. Инчунин, марди 33-солаи сокини Душанбе ба гумонбаршуда бовар карда, ба ӯ 228 ҳазор сомонӣ ва 74 ҳазор рубли русӣ додааст.

Дар маҷмӯъ, гумонбаршуда тариқ ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст овардааст. Нисбати ӯ тибқи моддаи 247 (Қаллобӣ) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад, хабар доданд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои қаллобӣ зиёд рух медиҳанд. Чӣ тавр худро аз қаллобон муҳофизат кардан мумкин аст – ин ҷо хонед.

“Қонунгузории кишвар мушкилӣ дорад”. Нигаронӣ аз ҷазои сабуки таҷовузгарони тарбиятгирандагони ятимхона

Дар Ӯзбекистон баъди ҳукми сабук гирифтани мансабдороне, ки ба таҷовузи тарбиятгирандагони ятимхона айбдор мешуданд, тақозо шудааст, ки парвандаи таҷовузи ноболиғон бинобар сабук будани ҳукми додгоҳ ба ин ҷиноят бозбинӣ шавад.

Таҷовузи духтарони ноболиғ
Акс аз сомонаи 365dm.com

Мансабдорони маҳаллӣ дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм бо мусоидати мудири хонаи кӯдакон моҳҳои зиёд тарбиятгирандагони ноболиғро бо мақсади қонеъ намудани хоҳишҳои шаҳвонӣ истифода мебурданд.

Котиби матбуотии президент Саида Мирзиёева дар Telegram – каналаш навиштааст:

“Фоҷиае, ки дар Хоразм рух дод, дар ҷомеа баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овард. Ин вазъият гувоҳӣ медиҳад, ки дар қонунгузории мо мушкилиҳои ҷиддӣ мавҷуд аст ва ин ҳолат аз ҷониби ашхоси нопок сӯистифода мешавад. Хеле ташвишовар аст, ки дар байни иштирокчиёни ин ҳодиса намояндагони идораҳои ҳуқуқӣ низ ҳастанд”.

Ёдовар мешавем, ки айбдоршавандагони асосӣ сардори Раёсати адлияи вилоят ва сардори шуъбаи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Янгиариқ буданд.

Баъди ошкор шудани ҷинояти зӯроварӣ ва таҷовуз, додгоҳ мудир — занро ба 5,5 соли зиндон ва мансабдоронро ба 1,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳарчанд ҳукми ҷанҷолӣ моҳи декабри соли 2022 бароварда шуда бошад ҳам, парванда пас аз ҷаласаи кумитаи дахлдори Сенат посух гирифтааст.

Омбудсмени кӯдакон Алия Юнусова тақозо кардааст, ки педофилҳо аз ҳама бераҳмона муҷозот шаванд.

Мирзиёева аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки вазъиятро дида барояд. Ҳамзамон ба Суди Олӣ эътироз нисбат ба он ки ҷазо ҷиҳати вазнинӣ ба ҷиноят мувофиқ нест, пешниход гардидааст.

Вазири корҳои хориҷӣ бо сафири ИМА мулоқот кард

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 3 апрел сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл П.Микаллерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, pимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот инчунин доир ба истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор сурат гирифт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend